23 Ва марди соҳибхона назди онҳо баромада, ба онҳо гуфт: «Не, бародаронам, лутфан, бадкорӣ накунед; модоме ки ин мард ба хонаи ман даромадааст, ин кори зиштро накунед.
Инак, ман ду духтар дорам, ки бокира ҳастанд; беҳтар, ки онҳоро назди шумо берун оварам, ва он чи дар назари шумо писанд ояд, бо онҳо бикунед; фақат ба ин мардон ҳеҷ коре накунед, зеро ки онҳо зери сояи сақфи ман омадаанд».
Ва чун писарони Яъқуб аз саҳро омада, инро шуниданд, ин мардон малул шуданд ва хеле ба хашм омаданд, зеро ки бо духтари Яъқуб хобида, қабоҳате дар ҳаққи Исроил карда буд, ва ин кирдор нораво буд.
Вале вай ба ӯ гуфт: «Не, эй бародарам, ба номӯси ман таҷовуз накун; зеро ки дар Исроил чунин рафтор намекунанд; ин кори зиштро накун.
Бигзор духтарро назди дари хонаи падари вай берун оваранд, ва мардуми шаҳри вай варо сангсор кунанд, то ки бимирад, зеро ки вай дар хонаи падараш зино карда, дар Исроил рафтори зиште ба амал овардааст. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
Ва ҳар кас, ки ғанимати ҳаром назди вай барояд, бигзор худаш ва ҳар чизе ки дорад, ба оташ сӯзонида шавад, зеро ки вай аҳди Худовандро поймол карда, қабоҳате дар Исроил ба амал овардааст».
Ва ман суррияи худро гирифта, пора‐пора кардам, ва онро ба ҳамаи шаҳрҳои мулки Исроил фиристодам, зеро ки онҳо кори қабеҳ ва зиште дар Исроил ба амал оварданд.