Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 19:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Ҳангоме ки онҳо дили худро шод мекарданд, инак, мардуми шаҳр, шахсони сафилзода, хонаро иҳота намуда, дари онро сахт кӯфтанд, ва ба он пирамарди соҳибхона сухан ронда, гуфтанд: «Он мардро, ки ба хонаи ту даромадааст, берун ор, то ки бо ӯ бихобем».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 19:22
19 Iomraidhean Croise  

Ва ду шахси нобакорро дар рӯ ба рӯи ӯ биншонед, то ки онҳо гувоҳӣ дода, бигӯянд: „Ту дар ҳаққи Худо ва подшоҳ куфр гуфтӣ“; ва ӯро берун бароварда, сангсор кунед, то ки бимирад».


Ва хоҳари калонии ту Сомария аст, ки бо духтаронаш дар шимоли ту сукунат дорад; ва хоҳари хурдии ту, ки дар ҷануби ту сокин аст, Садӯм бо духтаронаш мебошад.


Аз айёми Ҷабъа гуноҳ кардаӣ, эй Исроил; дар он ҷо онҳо истодагӣ карданд: ҷанг дар Ҷабъа ба муқобили ноинсофон ба онҳо нарасид.


Онҳо, мисли айёми Ҷабъа, ба умқи бадкирдорӣ расидаанд; Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард, барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод.


Оё намедонед, ки золимон вориси Малакути Худо намешаванд? Фирефта нашавед: на зинокорон, на бутпарастон, на фосиқон, на бачабозон, на ливотагарон,


Масеҳ бо блияал чӣ созгорӣ дорад? Ё имондор бо беимон чӣ ширкате дорад?


Шахсони нобакоре аз миёни ту пайдо шудаанд, ва сокинони шаҳри худро ба васваса андохта, гуфтаанд: „Биравем ва худоёни дигарро, ки намешинохтед, ибодат кунем“,


Ҳамчунин Садӯм ва Амӯро ва шаҳрҳои атрофашон, ки ба ҳамин тарз ба зино дода шуда, аз паи инҳирофоти дигар афтода буданд, гирифтори ҷазои оташи абадӣ гардида, ҳамчун тимсол муқаррар карда шуданд.


Ва чун димоғашон чоқ шуд, гуфтанд: «Шимшӯнро бихонед, то ки бозӣ карда, моро дилхуш гардонад». Ва Шимшӯнро аз зиндон оварданд, ва ӯ онҳоро дилхуш гардонид, ва ӯро дар миёни ду сутун гузоштанд.


Ва сокинони Ҷабъа бар ман қиём карданд, ва хонаеро, ки дар он будам, шабона иҳота намуданд. Маро мехостанд бикушанд, ва суррияи маро он қадар азият доданд, ки вай мурд.


Ва ман суррияи худро гирифта, пора‐пора кардам, ва онро ба ҳамаи шаҳрҳои мулки Исроил фиристодам, зеро ки онҳо кори қабеҳ ва зиште дар Исроил ба амал оварданд.


Канизи худро зани нобакоре ҳисоб накун; зеро ки аз бисьёрии андӯҳ ва кулфати худ то ҳол сухан рондаам».


Валекин мардуми сафил гуфтанд: «Оё ин одам метавонад моро наҷот диҳад?» Ва ӯро хор дида, ҳадияе барояш наоварданд; вале ӯ худро ба нофаҳмӣ зад.


Валекин писарони Элӣ шахсони нобакор буданд: Худовандро намешинохтанд.


Бигзор оғоям ба ин марди нобакор, яъне ба Нобол, диққат надиҳад, зеро, номи вай чӣ гуна бошад, худаш ҳамон гуна аст: номаш Нобол аст, ва зиштӣ бо ӯст. Вале ман, чӯрии ту, навкарони оғоямро, ки ту фиристодӣ, надидаам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan