21 Ва ӯро ба хонаи ҳуд овард, ва ба харон хӯрок дод; ва онҳо пойҳои худро шустанд, ва хӯрданд, ва нӯшиданд.
Андак об биёваранд, то ки пойҳои худро шуста, зери дарахт фароғат кунед.
Ва он мард ин одамонро ба хонаи Юсуф дароварда, об дод, ва онҳо пойҳои худро шустанд; ва хӯрок ба харони онҳо дод.
Ва Довуд ба Уриё гуфт: «Ба хонаи худ рафта, пойҳоятро бишӯй». Ва Уриё аз хонаи подшоҳ берун рафт, ва аз қафояш инъом аз суфраи подшоҳ фиристода шуд.
Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодӣ; аммо вай пойҳои Маро бо ашкаш шуста, бо мӯйҳои сараш хушконид.
Ва дар бораи аъмоли некаш шаҳодате дошта бошад: фарзандонро тарбият дода, ғарибонро меҳмондорӣ карда, пойҳои муқаддасонро шуста, аламзадагонро дастгирӣ намуда ва ҳар амали некро пайравӣ карда бошад.
Вай бархост, ва рӯ ба замин саҷда бурда, гуфт: «Инак, канизи ту ҳозир аст чӯрие бишавад, то ки пойҳои навкарони оғоямро бишӯяд».