2 Ва суррияи ӯ аз ӯ қаҳр карда, аз пеши ӯ ба хонаи падари худ, ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафт, ва дар он ҷо чор моҳ бимонд.
Ва азбаски сер нашудӣ, бо писарони Ашшур зино кардӣ; вале бо онҳо низ зино карда, сер нашудӣ.
Ва агар духтари коҳин бо зинокорӣ худро палид созад, вай падари худро палид месозад; бигзор вай дар оташ сӯзонида шавад.
Бигзор духтарро назди дари хонаи падари вай берун оваранд, ва мардуми шаҳри вай варо сангсор кунанд, то ки бимирад, зеро ки вай дар хонаи падараш зино карда, дар Исроил рафтори зиште ба амал овардааст. Ва шароратро аз миёни худ барҳам хоҳӣ дод.
Ва ҷавоне аз Байт‐Лаҳми Яҳудо буд, ки дар миёни қабилаи Яҳудо зиндагӣ мекард; вале ӯ левизода буда, дар он ҷо сукунат дошт.
Ва дар он айёме ки подшоҳе дар Исроил набуд, марди левизодае дар ақсои кӯҳи Эфроим сукунат дошт, ва зани суррияе аз Байт‐Лаҳми Яҳудо барои худ гирифта буд.
Ва шавҳараш бархоста, аз пушти вай рафт, то ки дили варо ёфта, варо назди худ баргардонад; ва навкараш ва як ҷуфт хараш ҳамроҳи ӯ буд. Вай ӯро ба хонаи падари худ овард, ва падари занак ӯро дида, бо хурсандӣ ӯро пешвоз гирифт.