19 Ва коҳу беда барои харони мо ҳаст, ва нону шароб низ барои ман ва барои канизи ту ва барои навкаре ки ҳамроҳи бандагони туст; аз ҳеҷ чиз камӣ надорем».
Ва боз ба ӯ гуфт: «Назди мо коҳу беда бисьёр аст, ва ҷой низ барои шабгузаронӣ».
«Минбаъд ба қавм барои хиштрезӣ, мисли пештара, коҳ надиҳед; бигзор худашон рафта, барои худ коҳ ҷамъ кунанд.
Онҳоро ба хона таклиф карда, зиёфат дод, ва рӯзи дигар бархоста, ҳамроҳашон равона шуд, ва чанд нафар аз бародарон, ки аҳли Ёфо буданд, бо ӯ рафтанд.
Вақте ки ӯ ва аҳли байташ таъмид гирифтанд, хоҳиш карда, гуфт: «Агар шумо яқин дониста бошед, ки ман ба Худованд имон овардаам, ба хонаи ман омада, иқомат кунед». Ӯ он қадар исрор кард, ки мо розӣ шудем.
Вақте ки онҳо ба Ябус расиданд, рӯз бағоят ба ғуруб наздик буд, ва навкар ба оғояш гуфт: «Биёед, ба ин шаҳри ябусиён дохил шуда, шабро дар он ҷо бигзаронем».
Дар ҷавоби ӯ гуфт: «Мо аз Байт‐Лаҳми Яҳудо то ақсои кӯҳи Эфроим меравем, ки ман аз он ҷо ҳастам; ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафта будам, ва алҳол сӯи хонаи Худованд меравам; ва касе нест, ки маро ба хонаи худ бибарад.