Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 19:18 - Китоби Муқаддас 1992 1999

18 Дар ҷавоби ӯ гуфт: «Мо аз Байт‐Лаҳми Яҳудо то ақсои кӯҳи Эфроим меравем, ки ман аз он ҷо ҳастам; ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафта будам, ва алҳол сӯи хонаи Худованд меравам; ва касе нест, ки маро ба хонаи худ бибарад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 19:18
12 Iomraidhean Croise  

Рӯи Худро аз ман пинҳон надор; бандаи Худро дар ғазабат напартой; Ту мададгори ман будӣ; маро рад накун ва тарк накун, эй Худои наҷоти ман!


Пои худро аз зуд‐зуд рафтан ба хонаи ёри худ нигоҳ дор: мабодо аз дидори ту сер шуда, аз ту нафрат кунад.


Касе ки дар Ман намонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навдаҳоро гирд оварда, ба оташ меандозанд, ва онҳо месӯзанд.


Ва тамоми ҷамоати банӣ‐Исроил дар Шилӯ ҷамъ шуда, дар он ҷо хаймаи ҷомеъро барқарор карданд; ва кишварро онҳо мусаххар карда буданд.


Ва ҷавоне аз Байт‐Лаҳми Яҳудо буд, ки дар миёни қабилаи Яҳудо зиндагӣ мекард; вале ӯ левизода буда, дар он ҷо сукунат дошт.


Ва санами Михоро, ки сохта буд, дар тамоми айёме ки хонаи Худо дар Шилӯ буд, барои худ гузоштанд.


Ва ӯ назар андохта дид, ки роҳгузаре дар кӯчаи шаҳр нишастааст; ва пирамард гуфт: «Куҷо меравӣ? Ва аз куҷо омадаӣ?»


Ва коҳу беда барои харони мо ҳаст, ва нону шароб низ барои ман ва барои канизи ту ва барои навкаре ки ҳамроҳи бандагони туст; аз ҳеҷ чиз камӣ надорем».


Ва дар рӯзи чорум онҳо бомдодон бармаҳал бедор шуданд, ва ӯ бархост, то ки равона шавад; ва падари занак ба домодаш гуфт: «Дили худро бо луқмаи нон боқувват намо, ва баъд равона шавед».


Ва бархоста, ба Байт‐Ил рафтанд, ва аз Худо пурсиданд, ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист, ки аз миёни мо аввал бар зидди банӣ‐Биньёмин ба ҷанг барояд?» Ва Худованд гуфт: «Яҳудо аввал барояд».


Ва он мард ҳар сол аз шаҳри худ мерафт, то ки Худованди лашкарҳоро дар Шилӯ ибодат намояд ва барои Ӯ курбонӣ кунад; ва дар он чо ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос, коҳинони Худованд буданд.


Ва ин тавр сол ба сол воқеъ мешуд: ҳар боре ки вай ба хонаи Худованд меомад, паланҷаш чунон варо меранҷонид, ки вай гирья мекард ва чизе намехӯрд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan