Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 19:16 - Китоби Муқаддас 1992 1999

16 Ва инак, пирамарде бегоҳирӯзӣ аз кори худ аз саҳро бармегашт; ва ин мард аз кӯҳи Эфроим буда, дар Ҷабъа сукунат дошт, вале мардуми ин макон аз сибти Биньёмин буданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 19:16
16 Iomraidhean Croise  

Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт».


Ва Исроил ба Миср омад, ва Яъқуб дар замини Ҳом ғурбатро ихтиёр кард.


Басо маро аз ҷавониам ба танг оварданд; бо вуҷуди ин бар ман ғолиб наомаданд.


Сарвате ки аз ҳеҷу пуч пайдо шуда бошад, торафт кам мешавад, вале касе ки бо амали дасташ ғун карда бошад, онро афзун менамояд.


Дар ҳар кори сахт нафъе ҳаст, вале пургӯӣ фақат сӯи бенавоӣ мебарад.


Барои кори худ дар берун тадорук намо, ва онро дар киштзори худ ба тартиб овар, ва баъд хонаи худро низ бино бикун.


Ва дили худро ба он ниҳодам, ки ҳар кореро, ки дар таҳти осмон карда мешавад, бо ҳикмат тадқиқ ва тафтиш намоям; ин шуғли нохуш аст, ки Худо насиби банӣ‐одам кардааст, то ки аз он азият кашанд.


Бадии пуразобе ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам: сарвате ки соҳибаш онро ба зарари худ саришта мекунад.


Онҳо, мисли айёми Ҷабъа, ба умқи бадкирдорӣ расидаанд; Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард, барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод.


Касе ки дуздӣ кардааст, дигар дуздӣ накунад, балки меҳнат карда, бо дастҳои худ кори фоиданоке ба ҷо оварад, то чизе дошта бошад, ки ба эҳтиёҷманде бибахшад.


Зеро, вақте ки назди шумо будем, ба шумо чунин дастур додем: агар касе нахоҳад кор кунад, бигзор хӯрок ҳам нахӯрад.


Ва дар он айёме ки подшоҳе дар Исроил набуд, марди левизодае дар ақсои кӯҳи Эфроим сукунат дошт, ва зани суррияе аз Байт‐Лаҳми Яҳудо барои худ гирифта буд.


Ва аз он ҷо гузашта рафтанд, ва назди Ҷабъа, ки мулки Биньёмин аст, офтоб бар онҳо ғуруб кард.


Ва ба он ҷо тоб хӯрданд, то ки омада, шабро дар Ҷабъа бигзаронанд; ва ӯ омада, дар кӯчаи шаҳр нишаст, ва касе набуд, ки онҳоро ба хонаи худ бурда, барои шабгузаронӣ ҷой диҳад.


Ва ӯ назар андохта дид, ки роҳгузаре дар кӯчаи шаҳр нишастааст; ва пирамард гуфт: «Куҷо меравӣ? Ва аз куҷо омадаӣ?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan