15 Ва ба он ҷо тоб хӯрданд, то ки омада, шабро дар Ҷабъа бигзаронанд; ва ӯ омада, дар кӯчаи шаҳр нишаст, ва касе набуд, ки онҳоро ба хонаи худ бурда, барои шабгузаронӣ ҷой диҳад.
Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед;
Ғариб будам, Маро напазируфтед; бараҳна будам, Маро напӯшондед; бемор ва маҳбус будам, ба иёдати Ман наомадед“.
Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.
Ва аз он ҷо гузашта рафтанд, ва назди Ҷабъа, ки мулки Биньёмин аст, офтоб бар онҳо ғуруб кард.
Ва инак, пирамарде бегоҳирӯзӣ аз кори худ аз саҳро бармегашт; ва ин мард аз кӯҳи Эфроим буда, дар Ҷабъа сукунат дошт, вале мардуми ин макон аз сибти Биньёмин буданд.
Дар ҷавоби ӯ гуфт: «Мо аз Байт‐Лаҳми Яҳудо то ақсои кӯҳи Эфроим меравем, ки ман аз он ҷо ҳастам; ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафта будам, ва алҳол сӯи хонаи Худованд меравам; ва касе нест, ки маро ба хонаи худ бибарад.
Ва он марди левизода, шавҳари занаке ки кушта шуда буд, ҷавоб гардонида, гуфт: «Ман бо суррияи худ ба Ҷабъа, ки мулки Биньёмин аст, омадам, то ки шабро бигзаронам.