Вале он мард ба шабгузаронӣ розӣ нашуд, ва бархоста, равона шуд ва то рӯ ба рӯи Ябус, ки Ерусалим бошад, расид, ва ҷуфти харони полондор ҳамроҳи ӯ буд, ва суррияи ӯ бо ӯ буд.
Ва коҳу беда барои харони мо ҳаст, ва нону шароб низ барои ман ва барои канизи ту ва барои навкаре ки ҳамроҳи бандагони туст; аз ҳеҷ чиз камӣ надорем».