Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 19:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Вале он мард ба шабгузаронӣ розӣ нашуд, ва бархоста, равона шуд ва то рӯ ба рӯи Ябус, ки Ерусалим бошад, расид, ва ҷуфти харони полондор ҳамроҳи ӯ буд, ва суррияи ӯ бо ӯ буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 19:10
7 Iomraidhean Croise  

Ва подшоҳ бо одамонаш ба Ерусалим ба муқобили ябусиён, ки сокинони ин замин буданд, рафт, вале онҳо ба Довуд сухан ронда, гуфтанд: «Ба ин ҷо дохил нахоҳӣ шуд, магар ин ки аввал кӯрон ва лангонро дур созӣ», яъне: «Довуд ба ин ҷо дохил нахоҳад шуд».


Вале ябусиёнро, ки сокинони Ерусалим буданд, банӣ‐Яҳудо натавонистанд бадар ронанд; ва ябусиён бо банӣ‐Яҳудо то имрӯз дар Ерусалим сокинанд.


Ва сарҳад сӯи дараи Бен‐Ҳиннӯм, аз ҷануби барҷастагии Ябусӣ, ки Ерусалим бошад, мебаромад; ва сарҳад сӯи қуллаи кӯҳ мебаромад, ки он ба самти ғарб дар рӯ ба рӯи дараи Ҳиннӯм ва ба самти шимол дар охири водии Рафоим воқеъ буд.


Селаъ, Олаф, Ябусӣ, ки Ерусалим бошад, Ҷибъат ва Қирьят, — чордаҳ шаҳр бо деҳоташон; ин аст мулки банӣ‐Биньёмин мувофиқи қабилаҳои онҳо.


Ва банӣ‐Яҳудо бар зидди Ерусалим ҷанг карда, онро гирифтанд, ва онро аз дами шамшер гузарониданд; ва шаҳрро оташ зада сӯзониданд.


Ва он мард бархост, то ки равона шавад, — худаш ва суррияаш ва навкараш. Ва падарарӯси ӯ, падари занак, ба ӯ гуфт: «Инак, рӯз ба ғуруб наздик мешавад; лутфан, имшаб бимонед; инак, рӯз тамом мешавад; шабро дар ин ҷо бигзарон, то дилат шод гардад; ва фардо бармаҳал бедор шуда, роҳи худро давом хоҳед дод, ва ту ба хаймаи худ хоҳӣ расид».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan