Он гоҳ зарфҳои тиллоро, ки аз қудси хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, гирифта шуда буд, оварданд, ва подшоҳ ва акобираш, манкӯҳаҳояш ва сурриягонаш аз онҳо нӯшиданд, —
Ва ин шахс аз шаҳр, аз Байт‐Лаҳми Яҳудо, равона шуд, то дар мавзее ки ба муддаои табъаш бошад, маскан гирад; ва ба кӯҳи Эфроим то хонаи Михо расид, то ки аз он ҷо сафарашро давом диҳад.
Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ва дар он айём сибти Дон барои худ мулке аз баҳри маскан гирифтан меҷустанд, зеро ки то он вақт ба онҳо мулке андаруни сибтҳои Исроил нарасида буд.
Ва инак, пирамарде бегоҳирӯзӣ аз кори худ аз саҳро бармегашт; ва ин мард аз кӯҳи Эфроим буда, дар Ҷабъа сукунат дошт, вале мардуми ин макон аз сибти Биньёмин буданд.