Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 18:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва назди бародарони худ ба Соръо ва Эштоӯл омаданд, ва бародаронашон ба онҳо гуфтанд: «Чӣ хабаре овардед?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 18:8
7 Iomraidhean Croise  

Дар пастӣ: Эштоӯл, Соръо ва Ашно,


Ва шахсе аз Соръо, аз қабилаи Дон буд, ки Монӯаҳ ном дошт, ва занаш безуриёт буда, намезоид.


Ва бародарони ӯ ва тамоми хонадони падари ӯ фурӯд омаданд, ва ӯро бардошта бурданд, ва дар миёни Соръо ва Эштоӯл, дар мақбараи падараш Монӯаҳ дафн карданд. Ва ӯ бист сол бар Исроил доварӣ намуд.


Ва аз он ҷо аз қабилаи Дон, аз Соръо ва Эштоӯл, шашсад одами дорои асбоби ҷангӣ раҳсипор шуданд.


Ва банӣ‐Дон аз қабилаи худ, аз миёни тамоми ҷамоати худ, панҷ нафарро, ки мардони ҷангии далер буданд, аз Соръо ва Эштоӯл фиристоданд, то ки заминро ҷосусӣ ва тафтиш кунанд; ва ба онҳо гуфтанд: «Рафта, заминро тафтиш намоед!» Ва онҳо ба кӯҳи Эфроим то хонаи Михо расида, дар он ҷо шабро гузарониданд.


Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қавмеро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расонад, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.


Ва онҳо гуфтанд: «Бархезем ва бар онҳо битозем, зеро замине дидем, ки бағоят хуб аст. Вале шумо хомӯш нишастаед? Танбалӣ накунед, балки рафта дохил шавед ва он заминро тасарруф намоед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan