Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 18:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қавмеро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расонад, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 18:7
13 Iomraidhean Croise  

Ва падараш ӯро ҳаргиз мазаммат намуда нагуфта буд: «Чаро чунин амал кардӣ?» Ва ӯ низ бағоят хушлиқо буд, ва модараш ӯро баъд аз Абшолӯм зоида буд.


Ба гуноҳҳои Ёробъом ибни Набот пайравӣ карданаш магар кам буд, ки ӯ Изобал бинти Этбаал, подшоҳи сидӯниёнро ба занӣ гирифт, ва рафта, Баалро ибодат кард, ва ба вай саҷда бурд.


Ва чарогоҳи сералафи хубе ёфтанд, ва он замин фарох ва ором ва осоишта буд, ки дар он ҷо пештар ҳомиён сукунат доштанд.


Бархезед, ба халқе ки дар осоиштагӣ ва амният зиндагӣ мекунанд, ҳуҷум оваред, — мегӯяд Худованд. — Онҳо на дар доранд, на ғалақа; дар танҳоӣ сукунат доранд.


Зеро ки ҳокимон на барои некӯкорон, балки барои бадкорон хавфноканд. Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Корҳои нек кун, ва сазовори таърифи вай хоҳӣ шуд;


Ва ҳудуди банӣ‐Дон аз ихтиёрашон баромад, ва банӣ‐Дон берун рафта, бо Лошам ҷанг карданд, ва онро забт намуда, ба дами шамшер заданд, ва онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд, ва Лошамро Дон номиданд, бар тибқи номи Дон, ки падарашон буд.


Хоҳ ба ҳокимон, ҳамчун касоне ки аз ҷониби вай фиристода мешаванд, то ки ҷинояткоронро ҷазо диҳанд ва некӯкоронро тақдир кунанд, —


Ҳар қадар вай ҷалол ёфта, айшу нӯш мекард, ҳамон қадар бо азият ва бадбахтӣ сазояшро диҳед. Зеро ки вай дар дили худ мегӯяд: „Малика шуда нишастаам, ва бева нестам, ва бадбахт наҳоҳам буд“.


Ва шаҳрро ба номи падари худ Дон, ки барои Исроил таваллуд шуда буд, Дон номиданд; валекин номи шаҳр аввал Лаиш буд.


Ва коҳин ба онҳо гуфт: «Ба саломатӣ биравед: роҳе ки шумо меравед, зери назари Худованд аст».


Ва назди бародарони худ ба Соръо ва Эштоӯл омаданд, ва бародаронашон ба онҳо гуфтанд: «Чӣ хабаре овардед?»


Ва Ман ба ӯ хабар дода будам, ки хонадони ӯро ба сурати абадӣ доварӣ хоҳам намуд, барои он гуноҳи ӯ, ки ӯ медонист, ки писаронаш бар худ лаънат меоваранд, вале ӯ онҳоро ҷилавгирӣ накард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan