Ва он мард ҳар сол аз шаҳри худ мерафт, то ки Худованди лашкарҳоро дар Шилӯ ибодат намояд ва барои Ӯ курбонӣ кунад; ва дар он чо ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос, коҳинони Худованд буданд.
Ва қавм ба Шилӯ фиристоданд, ва сандуқи аҳди Худованди лашкарҳоро, ки дар миёни каррубиён сокин аст, аз он ҷо бардошта оварданд; ва ду писари Элӣ — Ҳофнӣ ва Финҳос — дар он ҷо бо сандуқи аҳди Худо буданд.