Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 18:30 - Китоби Муқаддас 1992 1999

30 Ва банӣ‐Дон он санамро барои худ барқарор карданд; ва Ехӯнотон ибни Ҷершӯи ибни Менашше, худаш ва писаронаш, то рӯзи асир шудани аҳли ин замин коҳинони сибти Дон буданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 18:30
20 Iomraidhean Croise  

Дар айёми Фақаҳ, подшоҳи Исроил, Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшур, омада, Ийюн ва Обил‐Байт‐Маако ва Ёнӯҳ ва Қодеш ва Ҳосӯр ва Ҷилъод ва Ҷалилро, — тамоми замини Нафтолиро, — гирифт, ва онҳоро ба Ашшур ба асирӣ бурд.


Ва Худованд бағоят бар Исроил ғазаб намуда, онҳоро аз ҳузури Худ дур кард; ҷуз аз як сибти Яҳудо касе боқӣ намонд.


Ва Худованд аз тамоми насли Исроил нафрат карда, онҳоро мазлум гардонид, ва онҳоро ба дасти тороҷгарон супурд, то ба дараҷае ки онҳоро аз ҳузури Худ дур андохт.


Ва банӣ‐Исроил дар ҳамаи гуноҳҳое ки Ёробъом ба амал оварда буд, рафтор карда, аз онҳо дур нашуданд,


То даме ки Худованд Исроилро аз ҳузури худ дур андохт, чунон ки ба воситаи ҳамаи бандагони Худ анбиё гуфта буд; ва исроилиён аз замини худ ба Ашшур ҷалои ватан шуданд, ки то имрӯз чунин аст.


Ва ду писари ӯро, ки номи яке Ҷершӯн буд, зеро ки ӯ гуфта буд: «Дар замини бегона ғариб ҳастам»;


Вай писаре зоид, ва ӯ номашро Ҷершӯн монд, зеро ки гуфт: «Дар замини бегона ғариб будам».


Санаме ва ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост, ва аз он чи дар замин аз поён аст, ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз.


Бутҳо барои худ насозед, ва ҳайкал ва сутуне барои худ барпо накунед, ва санги суратдоре дар замини худ нагузоред, то ки пеши он саҷда баред; зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


„Малъун бод касе ки санаме ё буте аз маснӯи дасти ҳунарманд, ки он дар назари Худованд зишт аст, бисозад, ва онро пинҳон дорад!“ Ва тамоми қавм нидокунон хоҳанд гуфт: „Омин!“


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;


Зеро медонам, ки шумо, баъд аз мурдани ман тамоман фосид гардида, аз роҳе ки ба шумо амр фармудаам, дур хоҳед шуд, ва дар охири айём бадӣ бар шумо хоҳад омад, зеро ки он чи дар назари Худованд бад аст, ба амал хоҳед овард, то ки Ӯ ро бо аъмоли дасти худ ба хашм оваред».


Ва банӣ‐Исроил аз нав он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд онҳоро чил сол ба дасти фалиштиён супурд.


Ва он ҳазору сад сиқл нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш гуфт: «Ман ин нуқраро комилан ба Худованд аз дасти худ барои писарам вақф намудаам, то ки санами тарошидае ва бути рехтае бисозад; ва акнун онро ба ту бармегардонам».


Ва ин шахс, яъне Михо, хонае барои ибодати худо дошт; ва ӯ эфӯд ва трофим сохт, ва яке аз писарони худро баргумошт, то ки коҳини ӯ бошад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan