Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 18:29 - Китоби Муқаддас 1992 1999

29 Ва шаҳрро ба номи падари худ Дон, ки барои Исроил таваллуд шуда буд, Дон номиданд; валекин номи шаҳр аввал Лаиш буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 18:29
11 Iomraidhean Croise  

Чун Абром шунид, ки хешаш ба асирӣ афтодааст, сесаду ҳаждаҳ нафар ғуломони хоназоди дастпарварди худро бо худ бурда, то Дон таъқиб намуд.


Ва Роҳел гуфт: «Худо ба доди ман расид, ва овози маро низ шунид, ва писаре ба ман дод». Бинобар ин ӯро Дон ном ниҳод.


Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ».


Бинобар ин машварати ман ин аст: бигзор тамоми Исроил, аз Дон то Беэр‐Шобаъ, ки мисли реги соҳили дарьё сершуморанд, назди ту ҷамъ шаванд, ва худи ту дар миёни онҳо равона бошӣ.


Ва Бин‐Ҳадад ба подшоҳ Осо гӯш дода, сипаҳдорони худро ба муқобили шаҳрҳои Исроил фиристод, ва Ийюн ва Дон ва Обил‐Байт‐Маако ва тамоми Кинрӯтро дар тамоми замини Нафтолӣ шикаст дод.


«Аз ҷониби Дон фах‐фахи аспони вай шунида мешавад; аз садои шеҳаи аспони зӯровараш тамоми замин ба ларза меояд; ва онҳо омада, замин ва ҳар чиро, ки дар он аст, — шаҳр ва сокинонашро талаф мекунанд.


Ва Мусо аз саҳрои Мӯоб ба кӯҳи Набӯ, бар қуллаи Фисҷа, ки дар рӯ ба рӯи Ериҳӯ воқеъ аст, баромад, ва Худованд тамоми заминро ба ӯ нишон дод: Ҷилъодро то Дон;


Ва ҳудуди банӣ‐Дон аз ихтиёрашон баромад, ва банӣ‐Дон берун рафта, бо Лошам ҷанг карданд, ва онро забт намуда, ба дами шамшер заданд, ва онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд, ва Лошамро Дон номиданд, бар тибқи номи Дон, ки падарашон буд.


Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қавмеро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расонад, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.


Ва тамоми банӣ‐Исроил берун омаданд, ва ҷамоат мисли як тан, аз Дон то Беэр‐Шобаъ ва замини Ҷилъод, ба ҳузури Худованд дар Мисфо ҷамъ шуданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan