Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 18:28 - Китоби Муқаддас 1992 1999

28 Ва касе набуд, ки раҳоӣ диҳад, зеро ки он аз Сидӯн дур буд, ва онҳо ба касе робитае надоштанд, ва он дар водие ки назди Байт‐Реҳӯб аст, воқеъ буд. Ва шаҳрро бино карда, дар он маскан гирифтанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 18:28
14 Iomraidhean Croise  

Ва банӣ‐Аммӯн диданд, ки дар назари Довуд нафратангез гардиданд; ва банӣ‐Аммӯн фиристода, аз арамиёни Байт‐Раҳӯб ва аз арамиёни Сӯбо бист ҳазор пиёда, ва подшоҳи Маъкоро бо ҳазор нафар, ва аз мардони Туб дувоздаҳ ҳазор нафар киро карданд.


Ва канизи ту ду писар дошт; ва ҳар ду дар саҳро хархаша намудаанд, ва касе набудааст, ки онҳоро аз якдигар чудо кунад, ва яке дигареро зарба зада, варо куштааст.


Ва ба Ҷилъод ва ба замини Таҳтим‐Ҳодшӣ расиданд; ва ба Дон‐Яан омаданд, ва давр зада, ба самти Сидӯн рафтанд.


Худовандо, Худои ман! Ба Ту паноҳ мебарам; маро аз ҳамаи таъқибкунандагонам наҷот деҳ ва халос кун.


Ва гуфтааст: «Ту, эй бокираи ситамдида, духтари Сидӯн, дигар димоғчоқӣ нахоҳӣ кард! Бархоста, ба Киттим бирав, лекин дар он ҷо низ барои ту оромӣ нахоҳад буд».


Эй Сидӯн, таассуф намо, зеро ки баҳр, яъне қалъаи баҳр, ба забон омада, мегӯяд: «Гӯё ки ман дарди зоиш накашидаам, ва назоидаам, ва ҷавононро парвариш накардаам, ва духтаронро ба воя нарасонидаам!»


Ва онҳо баромада, заминро аз биёбони Син то Раҳуб, ки назди Ҳамот буд, ҷосусӣ карданд.


Ва Худованд онҳоро ба дасти Исроил супурд, ва онҳоро зарба заданд, ва онҳоро то Сидӯн‐Рабба ва то Мисрефӯт‐Маим ва то водии Мисфо ба тарафи шарқ таъқиб карданд, ва онҳоро торумор сохтанд, ба дараҷае ки растагоре аз онҳо боқӣ намонд.


Низ Эбрӯн, Раҳӯб, Ҳаммӯн ва Қоно то Сидӯни бузург;


Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ва дар он айём сибти Дон барои худ мулке аз баҳри маскан гирифтан меҷустанд, зеро ки то он вақт ба онҳо мулке андаруни сибтҳои Исроил нарасида буд.


Ва шаҳрро ба номи падари худ Дон, ки барои Исроил таваллуд шуда буд, Дон номиданд; валекин номи шаҳр аввал Лаиш буд.


Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қавмеро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расонад, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan