Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 18:27 - Китоби Муқаддас 1992 1999

27 Ва онҳо он чиро, ки Михо сохта буд, ва коҳинеро, ки ӯ дошт, гирифта, бар Лаиш, бар зидди қавме ки ором ва бепарво буданд, тохтутоз карданд, ва онҳоро ба дами шамшер куштанд, ва шаҳрро оташ дода сӯзониданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 18:27
8 Iomraidhean Croise  

Дон қавми худро доварӣ кунад, мисли яке аз сибтҳои Исроил.


Ва дар бораи Дон гуфт: «Дон шери ҷавон аст, ки аз Бошон ҷастухез мекунад».


Ва ҳар ҷондореро, ки дар он буд, ба дами шамшер кушта, несту нобуд карданд; як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд; ва Ҳосӯрро ба оташ сӯзонид.


Ва ҳудуди банӣ‐Дон аз ихтиёрашон баромад, ва банӣ‐Дон берун рафта, бо Лошам ҷанг карданд, ва онро забт намуда, ба дами шамшер заданд, ва онро ба тасарруфи худ дароварда, дар он сокин шуданд, ва Лошамро Дон номиданд, бар тибқи номи Дон, ки падарашон буд.


Чун биравед, назди қавми бепарвое хоҳед омад, ва он замин паҳновар аст, ва Худованд онро ба дасти шумо супурдааст, — чунон мавзеест, ки аз ҳеҷ чизи рӯи замин камӣ надорад».


Ва банӣ‐Дон ба роҳи худ рафтанд; ва чун Михо дид, ки онҳо аз ӯ пурзӯртаранд, тоб хӯрда, ба хонаи худ баргашт.


Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қавмеро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расонад, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.


Ва Ҷидъӯн бо роҳи хайманишинон ба тарафи шарқии Нӯвоҳ ва Ёҷбеҳо баромада, ӯрдуро зарба зад, дар сурате ки ӯрду бепарво мезистанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan