25 Ва банӣ‐Дон ба ӯ гуфтанд: «Овозатро дар миёни мо баланд накун, мабодо одамони тундмизоҷ бар шумо ҳуҷум оваранд, ва ту ҷони худ ва ҷони аҳли байти худро ба ҳалокат расонӣ».
Ва Ҳушой гуфт: «Ту падарат ва одамонашро медонӣ: онҳо далеранд ва мисли хирси саҳро, ки аз бачаҳояш маҳрум шуда бошад, бағоят хашмгинанд; ва падарат марди ҷангозмуда аст, ва шаб дар миёни қавм хоб намеравад.
«Қасам ба ҳаёти Худо, ки Ӯ маро аз адлу инсоф маҳрум намудааст, ва ба ҳаёти Қодир, ки ҷони маро талх кардааст,
Бигзор онро тирагӣ ва зулмот фурӯ барад, абр бар он сокин шавад, кусуфоти рӯз онро дар даҳшат андозад!
Ва ӯ гуфт: «Худоёни маро, ки сохтаам, бо коҳин гирифта рафтаед. Барои ман боз чӣ чизе боқӣ мондааст? Пас, чӣ гуна ҷуръат намуда, мегӯед, ки „туро чӣ шудааст?“»
Ва банӣ‐Дон ба роҳи худ рафтанд; ва чун Михо дид, ки онҳо аз ӯ пурзӯртаранд, тоб хӯрда, ба хонаи худ баргашт.
Ва Довуд бағоят ба танг омад, зеро ки қавм мехостанд ӯро сангсор кунанд, чунки тамоми қавм — ҳар яке барои писарону духтаронашон — талхком гардида буданд; вале Довуд ба Худованд Худои худ таваккал намуда, қувват меёфт.