24 Ва ӯ гуфт: «Худоёни маро, ки сохтаам, бо коҳин гирифта рафтаед. Барои ман боз чӣ чизе боқӣ мондааст? Пас, чӣ гуна ҷуръат намуда, мегӯед, ки „туро чӣ шудааст?“»
Ва акнун, ки рафтанӣ будӣ, зеро ба хонаи падари худ рағбати калон доштӣ, пас чаро худоёни маро дуздидӣ?»
Ва Роҳел бутҳоро гирифта, зери зини шутур ниҳод, ва бар онҳо нишаст. Ва Лобон тамоми хаймаро тафтиш кард, лекин наёфт.
Ва ғазаби Худованд бар Амасьё аланга гирифт, ва набиеро назди ӯ фиристод, ки вай ба ӯ гуфт: «Чаро ту худоёни қавмеро ҷӯё шудаӣ, ки онҳо натавонистанд қавми худро аз дасти ту раҳо кунанд?»
Барои Ту қурбонии шукронаро забҳ хоҳам кард, ва исми Худовандро хоҳам хонд.
Хушкоӣ бар обҳои ӯст, ва онҳо хушк хоҳад шуд; зеро ки он замини санамҳост, ва аз бими бутҳо девона хоҳанд шуд.
Ҳар одам аз ақл бегона ва ҳар заргар аз санаме ки сохтааст, шармсор хоҳад шуд, зеро ки бутҳои вай чизи дурӯғ аст, ва ҳеҷ нафасе дар онҳо нест.
Ва Оҳола зино кард, дар сурате ки ҳанӯз аз они Ман буд; ва ба хушдорони худ, ба сипоҳиёни Ашшур дил дод, —
Ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфсӯс, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисьёрро иғво андохта, гумроҳ кардааст, ва мегӯяд: „Чизҳои соҳтаи дасти инсон ҳудо нестанд“.
Ки подшоҳони замин бо вай зино кардаанд, ва сокинони замин аз шароби зинокории вай маст шудаанд».
Ва Михо гуфт: «Акнун донистам, ки Худованд ба ман эҳсон хоҳад кард, зеро ки левизода коҳини ман шудааст».
Ва ин шахс, яъне Михо, хонае барои ибодати худо дошт; ва ӯ эфӯд ва трофим сохт, ва яке аз писарони худро баргумошт, то ки коҳини ӯ бошад.
Ва банӣ‐Донро фарьёд карданд, ва инҳо рӯи худро гардонида, ба Михо гуфтанд: «Туро чӣ шудааст, ки инҳоро ҷамъ карда омадаӣ?»
Ва банӣ‐Дон ба ӯ гуфтанд: «Овозатро дар миёни мо баланд накун, мабодо одамони тундмизоҷ бар шумо ҳуҷум оваранд, ва ту ҷони худ ва ҷони аҳли байти худро ба ҳалокат расонӣ».