Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 18:20 - Китоби Муқаддас 1992 1999

20 Ва коҳин дилшод гардид, ва эфӯд ва трофим ва санамро гирифта, андаруни қавм дохил шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 18:20
13 Iomraidhean Croise  

Шуллук ду духтар дорад: «Бидеҳ, бидеҳ!» Инак се чизе ки сер намешаванд, ва чор чизе ки намегӯянд: «Бас!»


Ва инҳо сагони ҳарисанд, ки сериро намедонанд; ва онҳо чӯпононанд, ки наметавонанд фаҳм кунанд; ҳамаашон ба роҳи худ мераванд, ҳар яке, саросар, фоидаи худро хоҳон аст.


Ва Маро пеши қавми Ман барои як мушт ҷав ва як бурда нон беҳурмат мекунед, ва ба қавми Ман, ки ба суханони дурӯғ гӯш медиҳанд, дурӯғ гуфта, ҷонҳоеро, ки набояд бимиранд, мемиронед, ва ҷонҳоеро, ки набояд зинда монанд, зинда мемононед.


Зеро ки подшоҳи Бобил бар дуроҳа, яъне дар сари ду роҳ истодааст, то ки фол кушояд: тирҳоро ба ҳам зада меомезад, ба бутҳо савол медиҳад, ба ҷигар нигоҳ мекунад.


Бинобар ин замин мотам мегирад, ва ҳар сокини он, бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво, бемаҷол мегардад, ва моҳиёни баҳр низ нобуд мешаванд.


Бутҳо барои худ насозед, ва ҳайкал ва сутуне барои худ барпо накунед, ва санги суратдоре дар замини худ нагузоред, то ки пеши он саҷда баред; зеро ки Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Ман ба симу зар ё пероҳани касе чашм надӯхтаам:


Фарҷоми онҳо ҳалокат аст, худои онҳо шикам аст, ва ҷалоли онҳо дар нанг аст: онҳо дар бораи чизҳои заминӣ фикр мекунанд.


Ва аз рӯи тамаъкорӣ бо суханони макромез шуморо ба дом хоҳанд даровард; ҳукми онҳо кайҳо муҳайёст, ва ҳалокати онҳо пинак нарафтааст.


Ва Михо ба ӯ гуфт: «Назди ман маскан гир, ва бароям падар ва коҳин бош, ва ман ба ту ҳар сол даҳ сиқл нуқра, ва як даста либос ва ризқу рӯзӣ медиҳам». Ва левизода омад,


Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Хомӯш шуда, дастатро бар даҳонат бимон, ва бо мо омада, барои мо падар ва коҳин бош. Кадомаш барои ту беҳтар аст: коҳини хонаи як шахс бошӣ, ё ки коҳини сибт ва қабилае дар Исроил бошӣ?»


Ва онҳо тоб хӯрда, раҳсипор шуданд; ва кӯдакон ва чорпоён ва бору будро пешопеши худ гузоштанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan