Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 18:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва банӣ‐Дон аз қабилаи худ, аз миёни тамоми ҷамоати худ, панҷ нафарро, ки мардони ҷангии далер буданд, аз Соръо ва Эштоӯл фиристоданд, то ки заминро ҷосусӣ ва тафтиш кунанд; ва ба онҳо гуфтанд: «Рафта, заминро тафтиш намоед!» Ва онҳо ба кӯҳи Эфроим то хонаи Михо расида, дар он ҷо шабро гузарониданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 18:2
20 Iomraidhean Croise  

Ва Юсуф хобҳоеро, ки дар бораи онҳо дида буд, ба хотир овард; ва ба онҳо гуфт: «Шумо ҷосус ҳастед; барои дидани урьёнии ин замин омадаед».


Нақшаҳо бо машварат ба амал меояд, ва ту бо тадбирсозӣ ҷанг бикун.


Ва Мусо онҳоро фиристод, то ки замини Канъонро ҷосусӣ кунанд, ва ба онҳо гуфт: «Аз ин ҷо ба Наҷаб равона шуда, бар кӯҳистон бароед;


Ё кадом подшоҳ аст, ки ба муқобили подшоҳи дигар ба ҷанг даромаданӣ шуда, аввал нишаста маслиҳат накунад, ки оё бо даҳ ҳазор аскар қодир аст ба касе муқовимат намояд, ки бо бист ҳазор аскар бар зидди ӯ меояд?


Дар пастӣ: Эштоӯл, Соръо ва Ашно,


Ва сарҳади мулки онҳо чунин буд: Соръо, Эштоӯл ва Ир‐Шемеш,


Ва Еҳушаъ ибни Нун аз Шиттим ду марди ҷосусро пинҳонӣ фиристода, гуфт: «Рафта, он замин ва Ериҳӯро бубинед». Онҳо рафта, ба хонаи фоҳишае ки Роҳоб ном дошт, даромаданд ва дар он ҷо хоб карданд.


Ва ба подшоҳи Ериҳӯ чунин хабар расид: «Инак, имшаб ба ин ҷо мардон аз банӣ — Исроил омадаанд, то ки заминро ҷосусӣ кунанд».


Ва шахсе аз Соръо, аз қабилаи Дон буд, ки Монӯаҳ ном дошт, ва занаш безуриёт буда, намезоид.


Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.


Ва бародарони ӯ ва тамоми хонадони падари ӯ фурӯд омаданд, ва ӯро бардошта бурданд, ва дар миёни Соръо ва Эштоӯл, дар мақбараи падараш Монӯаҳ дафн карданд. Ва ӯ бист сол бар Исроил доварӣ намуд.


Ва шахсе аз кӯҳи Эфроим буд, ки Михойҳу ном дошт.


Ва аз он ҷо аз қабилаи Дон, аз Соръо ва Эштоӯл, шашсад одами дорои асбоби ҷангӣ раҳсипор шуданд.


Ва онҳо аз он ҷо ба кӯҳи Эфроим гузашта, ба хонаи Михо расиданд,


Ҳангоме ки онҳо назди хонаи Михо буданд, овози он ҷавони левизодаро шинохтанд, ва ба он ҷо дохил шуда, ба ӯ гуфтанд: «Кист, ки туро ба ин ҷо овардааст? Ва дар ин макон ту чӣ мекунӣ? Ва дар ин ҷо чӣ кор дорӣ?»


Ва назди бародарони худ ба Соръо ва Эштоӯл омаданд, ва бародаронашон ба онҳо гуфтанд: «Чӣ хабаре овардед?»


Ва дар он айёме ки подшоҳе дар Исроил набуд, марди левизодае дар ақсои кӯҳи Эфроим сукунат дошт, ва зани суррияе аз Байт‐Лаҳми Яҳудо барои худ гирифта буд.


Дар ҷавоби ӯ гуфт: «Мо аз Байт‐Лаҳми Яҳудо то ақсои кӯҳи Эфроим меравем, ки ман аз он ҷо ҳастам; ба Байт‐Лаҳми Яҳудо рафта будам, ва алҳол сӯи хонаи Худованд меравам; ва касе нест, ки маро ба хонаи худ бибарад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan