Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 18:15 - Китоби Муқаддас 1992 1999

15 Ва ба он ҷо рафта, ба хонаи ҷавони левизода, яъне ба хонаи Михо даромаданд, ва аз ӯ аҳволпурсӣ карданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 18:15
10 Iomraidhean Croise  

Ва ба ӯ гуфт: «Бирав ва саломатии бародаронат ва саломатии чорворо бубин, ва ба ман хабар биёр». Ӯро аз водии Ҳебрӯн фиристод, ва ӯ ба Шакем омад.


Ва аз саломатии онҳо пурсид, ва гуфт: «Оё падари пири шумо, ки зикраш карда будед, саломат аст? Оё ҳанӯз дар қайди ҳаёт аст?»


Алҳол, лутфан, ба истиқболи вай давида, ба вай бигӯ: „Оё ту сиҳат саломат ҳастӣ? Оё шавҳарат солим аст? Оё писарат солим аст?“» Вай гуфт: «Саломатист».


Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.


Ва он панҷ нафар, ки барои ҷосусӣ ба замини Лаиш рафта буданд, ба бародарони худ сухан ронда, гуфтанд: «Оё медонед, ки дар ин хонаҳо эфӯд ва трофим ва санам ва бут ҳаст? Ва акнун фаҳм намоед, ки чӣ кор бояд бикунед».


Ва он шашсад одам аз банӣ‐Дон, ки асбоби ҷангӣ доштанд, дар даҳани дарвоза истода буданд.


Ва ин даҳ қурс панирро барои мириҳазор бибар; ва саломатии бародаронатро бипурс, ва аз онҳо нишоние бигир».


Ва Довуд ашьёеро, ки дошт, назди посбони ашьё гузошта, сӯи сафҳои лашкар давида омад, ва саломатии бародаронашро пурсид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan