13 Ва онҳо аз он ҷо ба кӯҳи Эфроим гузашта, ба хонаи Михо расиданд,
Ва ӯро дар худуди мулкаш, дар Тимнат‐Сораҳ, ки дар кӯҳи Эфроим, ба тарафи шимолии кӯҳи Ҷоаш мебошад, дафн карданд.
Ва Элъозор ибни Ҳорун вафот ёфт, ва ӯро бар тали писараш Финҳос, ки дар кӯҳи Эфроим ба ӯ дода шуда буд, дафн карданд.
Ва шахсе аз кӯҳи Эфроим буд, ки Михойҳу ном дошт.
Ва баромада, дар Қирьят‐Еорим, дар Яҳудо ӯрду заданд; бинобар ин то имрӯз он маконро ӯрдугоҳи Дон меноманд; он дар ақиби Қирьят‐Еорим воқеъ аст.
Ва он панҷ нафар, ки барои ҷосусӣ ба замини Лаиш рафта буданд, ба бародарони худ сухан ронда, гуфтанд: «Оё медонед, ки дар ин хонаҳо эфӯд ва трофим ва санам ва бут ҳаст? Ва акнун фаҳм намоед, ки чӣ кор бояд бикунед».
Ва дар он айёме ки подшоҳе дар Исроил набуд, марди левизодае дар ақсои кӯҳи Эфроим сукунат дошт, ва зани суррияе аз Байт‐Лаҳми Яҳудо барои худ гирифта буд.