11 Ва аз он ҷо аз қабилаи Дон, аз Соръо ва Эштоӯл, шашсад одами дорои асбоби ҷангӣ раҳсипор шуданд.
Дар пастӣ: Эштоӯл, Соръо ва Ашно,
Ва Рӯҳи Худованд ба таҳрик додани ӯ дар ӯрдугоҳи Дон, дар миёни Соръо ва Эштоӯл шурӯъ намуд.
Чун биравед, назди қавми бепарвое хоҳед омад, ва он замин паҳновар аст, ва Худованд онро ба дасти шумо супурдааст, — чунон мавзеест, ки аз ҳеҷ чизи рӯи замин камӣ надорад».
Ва баромада, дар Қирьят‐Еорим, дар Яҳудо ӯрду заданд; бинобар ин то имрӯз он маконро ӯрдугоҳи Дон меноманд; он дар ақиби Қирьят‐Еорим воқеъ аст.
Ва он шашсад одам аз банӣ‐Дон, ки асбоби ҷангӣ доштанд, дар даҳани дарвоза истода буданд.