Ва фурӯд омадам, то ки онҳоро аз дасти мисриён раҳо кунам, ва онҳоро аз он замин ба замини некӯ ва фарох барорам, ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист, яъне ба макони канъониён, ва ҳиттиён, ва амӯриён, ва фариззиён, ва ҳиввиён, ва ябусиён.
Ва он ду мард гашта аз кӯҳ фуромаданд, ва аз наҳр убур намуда, назди Еҳушаъ ибни Нун омаданд, ва ҳар чиро, ки ба онҳо рӯй дода буд, ба ӯ ҳикоят карданд.
Ва ин шаҳр, ва ҳар чи дар он аст, барои Худованд ҳаром хоҳад буд; фақат Роҳоби фоҳиша бо ҳар касе ки дар хонаи вай аст, зинда хоҳад монд, зеро вай қосидонеро, ки фиристодем, пинҳон кард.
Ва онҳо он чиро, ки Михо сохта буд, ва коҳинеро, ки ӯ дошт, гирифта, бар Лаиш, бар зидди қавме ки ором ва бепарво буданд, тохтутоз карданд, ва онҳоро ба дами шамшер куштанд, ва шаҳрро оташ дода сӯзониданд.
Ва он панҷ нафар рафта, ба Лаиш расиданд, ва қавмеро, ки дар он ҷо буданд, диданд, ки онҳо дар амният, бар тибқи русуми сидӯниёни ором ва бепарво умр ба сар мебурданд, ва дар ин замин ҳокиме набуд, ки осебе расонад, ва онҳо аз сидӯниён дур буда, бо касе коре надоштанд.
Ва онҳо гуфтанд: «Бархезем ва бар онҳо битозем, зеро замине дидем, ки бағоят хуб аст. Вале шумо хомӯш нишастаед? Танбалӣ накунед, балки рафта дохил шавед ва он заминро тасарруф намоед.