1 Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ва дар он айём сибти Дон барои худ мулке аз баҳри маскан гирифтан меҷустанд, зеро ки то он вақт ба онҳо мулке андаруни сибтҳои Исроил нарасида буд.
Ва амӯриён банӣ‐Донро дар кӯҳсор фишор доданд, зеро онҳоро нагузоштанд, ки ба водӣ фурӯд оянд.
Ва Михо гуфт: «Акнун донистам, ки Худованд ба ман эҳсон хоҳад кард, зеро ки левизода коҳини ман шудааст».
Дар он айём подшоҳе дар Исроил набуд; ҳар кас он чи ба назараш писанд меомад, мекард.
Ва дар он айёме ки подшоҳе дар Исроил набуд, марди левизодае дар ақсои кӯҳи Эфроим сукунат дошт, ва зани суррияе аз Байт‐Лаҳми Яҳудо барои худ гирифта буд.