Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 17:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ин шахс, яъне Михо, хонае барои ибодати худо дошт; ва ӯ эфӯд ва трофим сохт, ва яке аз писарони худро баргумошт, то ки коҳини ӯ бошад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 17:5
24 Iomraidhean Croise  

Ва азбаски Лобон барои буридани пашми чорвои худ рафта буд, Роҳел бутҳои падари худро дуздид.


Ва акнун, ки рафтанӣ будӣ, зеро ба хонаи падари худ рағбати калон доштӣ, пас чаро худоёни маро дуздидӣ?»


Ва ибодатхонаҳо бар баландиҳо сохт, ва аз ҳар табақаи қавм, ки аз банӣ‐Левӣ набуданд, коҳинонро таъин намуд.


Ва Ёробъом иде дар моҳи ҳаштум, дар рӯзи понздаҳуми моҳ, монанди иде ки дар Яҳудо буд, муқаррар намуд, ва назди он қурбонгоҳ рафт, — дар Байт‐Ил ҳамин тавр амал кард, — то барои гӯсолаҳое ки сохта буд, қурбонӣ кунад; ва дар Байт‐Ил коҳинони ибодатгоҳеро, ки сохта буд, таъин намуд;


Ва подшоҳ Куруш зарфҳои хонаи Худовандро, ки Набукаднесар аз Ерусалим оварда, дар хонаи худои худ гузошта буд, берун овард.


Ва ҷавононро аз миёни банӣ‐Исроил фиристод, ва онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ аз говон барои Худованд забҳ карданд.


Ва синабанди довариро бо бофти санъаткорона бисоз, бо ҳамон санъате ки эфӯдро бофтаӣ, яъне онро аз тилло, лоҷвард, арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба бисоз.


Ва ин аст либосҳое ки бояд бисозанд: синабанд ва эфӯд ва ридо ва пероҳани катакчадор ва аммома ва камарбанд; ва бигзор либосҳои муқаддасро барои бародарат Ҳорун ва барои писаронаш бисозанд, то ки вай ба Ман каҳонат намояд;


Ва онҳоро, яъне Ҳорун ва писаронашро, бо камарбандҳо бибанд, ва кулоҳҳоро бар сарашон бимон, ва каҳонат барояшон фаризаи абадӣ хоҳад буд; ва Ҳорун ва писаронашро баргумор.


Наҷҷор бар чӯб ресмон кашида, бо қалам онро нишона мекунад, бо ранда онро метарошад, ва бо паргор онро тарҳ мекашад, ва онро мисли андоми инсон, мисли ҷамоли одамизод месозад, то ки он дар хонае ҷойгир шавад.


Зеро ки подшоҳи Бобил бар дуроҳа, яъне дар сари ду роҳ истодааст, то ки фол кушояд: тирҳоро ба ҳам зада меомезад, ба бутҳо савол медиҳад, ба ҷигар нигоҳ мекунад.


Худованд Худо чунин мегӯяд: аммома аз сарат дур карда ва тоҷат бардошта хоҳад шуд, ин ҳолат дигар давом нахоҳад кард: он чи паст аст, баланд хоҳад шуд, ва он чи баланд аст, паст хоҳад гардид.


Зеро ки банӣ‐Исроил айёми зиёде бе подшоҳ ва бе сарвар, ва бе қурбонӣ ва бе сутуни назди қурбонгоҳ, ва бе эфӯд ва трофим хоҳанд буд.


Ва Исроил Холиқи худро фаромӯш карда, қасрҳо бино намудааст, ва Яҳудо бисьёр шаҳрҳои ҳисордор сохтааст; валекин Ман ба шаҳрҳои вай оташ хоҳам фиристод, то ки кӯшкҳои варо бисӯзонад.


Вале Ҳорун ва писаронашро баргумор, то ки каҳонати худро риоят кунанд; ва бегонае агар наздик ояд, кушта хоҳад шуд».


Ва ҳеҷ кас худ аз худ ин мартабаро соҳиб намешавад, балки фақат вақте ки аз ҷониби Худо даъват шавад, чунон ки Ҳорун низ.


Вале ӯ нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш дусад сиқл нуқраро гирифта, ба заргар дод, ки вай санам ва бут сохт, ва онҳо дар хонаи Михойҳу буд.


Ва он панҷ нафар, ки барои ҷосусӣ ба замини Лаиш рафта буданд, ба бародарони худ сухан ронда, гуфтанд: «Оё медонед, ки дар ин хонаҳо эфӯд ва трофим ва санам ва бут ҳаст? Ва акнун фаҳм намоед, ки чӣ кор бояд бикунед».


Ва ӯ гуфт: «Худоёни маро, ки сохтаам, бо коҳин гирифта рафтаед. Барои ман боз чӣ чизе боқӣ мондааст? Пас, чӣ гуна ҷуръат намуда, мегӯед, ки „туро чӣ шудааст?“»


Ва банӣ‐Дон он санамро барои худ барқарор карданд; ва Ехӯнотон ибни Ҷершӯи ибни Менашше, худаш ва писаронаш, то рӯзи асир шудани аҳли ин замин коҳинони сибти Дон буданд.


Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид.


Ва Микал трофимро гирифта, бар бистар гузошт, ва пӯсти бузро гирди каллаи он ниҳода, болои онро бо либосе пӯшонид.


Ва ҳангоме ки Абьётор ибни Аҳималик назди Довуд гурехта омад, эфӯдро ба дасташ гирифта овард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan