Наҷҷор бар чӯб ресмон кашида, бо қалам онро нишона мекунад, бо ранда онро метарошад, ва бо паргор онро тарҳ мекашад, ва онро мисли андоми инсон, мисли ҷамоли одамизод месозад, то ки он дар хонае ҷойгир шавад.
Ва он ҳазору сад сиқл нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш гуфт: «Ман ин нуқраро комилан ба Худованд аз дасти худ барои писарам вақф намудаам, то ки санами тарошидае ва бути рехтае бисозад; ва акнун онро ба ту бармегардонам».
Ва он панҷ нафар, ки барои ҷосусии замин рафта буданд, баромада, ба он ҷо дохил шуданд, ва санам ва эфӯд ва трофим ва бутро гирифтанд, дар сурате ки коҳин бо он шашсад одами дорои асбоби ҷангӣ дар даҳани дарвоза истода буд.