Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 17:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва он ҳазору сад сиқл нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш гуфт: «Ман ин нуқраро комилан ба Худованд аз дасти худ барои писарам вақф намудаам, то ки санами тарошидае ва бути рехтае бисозад; ва акнун онро ба ту бармегардонам».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 17:3
21 Iomraidhean Croise  

Ва ҳайкали бутеро, ки сохта буд, дар хонаи Худо гузошт, ки Худо дар бораи он ба Довуд ва ба писараш Сулаймон гуфта буд: «Дар ин хона ва дар Ерусалим, ки онро аз ҳамаи сибтҳои Исроил баргузидаам, исми Худро то абад хоҳам гузошт,


Бо Ман худоёни нуқра насозед, ва худоёни тилло барои худ насозед.


Санаме ва ҳар сурате аз он чи дар осмон аз болост, ва аз он чи дар замин аз поён аст, ва аз он чи дар об аз зери замин аст, барои худ насоз.


Худоёни рехта барои худ насоз.


Ва ҷилди нуқрагини санамҳои худро, ва пӯшоки заррини бутҳои худро наҷис хоҳед донист; онҳоро мисли наҷосате дур андохта, хоҳед гуфт: «Дафъ шав!»


Касе ки гове мекушад, мисли одамкуш аст; касе ки баррае забҳ менамояд, мисли касест, ки гардани сагро шикаста бошад; касе ки ҳадияи ордӣ меоварад, мисли касест, ки хуни хукро оварда бошад; касе ки лебӯно месӯзонад, мисли касест, ки пеши буте дуо гуфта бошад; чунон ки онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд, ва ҷонашон корҳои зишташонро хостааст,


Онҳо аз як сар ҷоҳил ва беақл мебошанд; таълимоташон ҳеҷу пуч аст: аз ғӯлачӯб иборат аст.


Ба бутҳо рӯ наоваред, ва худоҳои рехташуда барои худ насозед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Шуморо аз куништҳо хоҳанд ронд; ва ҳатто соате мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад, гумон кунад, ки хизмате ба Худо мекунад.


Қурбонгоҳҳои онҳоро бишканед, ва сутунҳои онҳоро пора‐пора кунед, ва Ашераҳои онҳоро дар оташ бисӯзонед, ва ҳайкалҳои худоёни онҳоро нест кунед, ва номҳои онҳоро аз он макон маҳв созед.


„Малъун бод касе ки санаме ё буте аз маснӯи дасти ҳунарманд, ки он дар назари Худованд зишт аст, бисозад, ва онро пинҳон дорад!“ Ва тамоми қавм нидокунон хоҳанд гуфт: „Омин!“


Ва Михо гуфт: «Акнун донистам, ки Худованд ба ман эҳсон хоҳад кард, зеро ки левизода коҳини ман шудааст».


Ва ӯ ба модари худ гуфт: «Ҳазору сад сиқл нуқрае ки аз ту рабуда шуд, ва дар бораи он ту лаънат хондӣ ва дар гӯшҳои ман низ гуфтӣ, — инак, он нуқра дар дасти ман аст: ман онро гирифта будам». Ва модараш гуфт: «Худованд писарамро баракат диҳад!»


Вале ӯ нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш дусад сиқл нуқраро гирифта, ба заргар дод, ки вай санам ва бут сохт, ва онҳо дар хонаи Михойҳу буд.


Ва банӣ‐Дон он санамро барои худ барқарор карданд; ва Ехӯнотон ибни Ҷершӯи ибни Менашше, худаш ва писаронаш, то рӯзи асир шудани аҳли ин замин коҳинони сибти Дон буданд.


Ва ба ӯ гуфтанд: «Лутфан, аз Худо бипурс, то бидонем, ки оё роҳи мо, ки ба он меравем, бомуваффақият хоҳад буд?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan