Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 17:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва ӯ ба модари худ гуфт: «Ҳазору сад сиқл нуқрае ки аз ту рабуда шуд, ва дар бораи он ту лаънат хондӣ ва дар гӯшҳои ман низ гуфтӣ, — инак, он нуқра дар дасти ман аст: ман онро гирифта будам». Ва модараш гуфт: «Худованд писарамро баракат диҳад!»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 17:2
21 Iomraidhean Croise  

Ва ӯро баракат дода, гуфт: «Муборак аст Абром аз ҷониби Худои Таоло, Молики осмон ва замин;


Ва ман онҳоро мазаммат намудам, ва ба онҳо лаънат хондам, ва баъзе касонро аз байни онҳо кӯфтам, ва мӯйҳошонро кандам, ва онҳоро ба Худо қасам дода, гуфтам: «Духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед, ва духтарони онҳоро барои писарони худ ва барои худ нагиред.


Дар сурате ки буньёдҳо вайрон шудааст, одил чӣ кор карда метавонад?


Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт.


Касе ки падару модари худро тороҷ карда, мегӯяд, ки «ин гуноҳ нест», — шарики шахсони зараровар аст.


Малъун бод касе ки кори Худовандро мусоҳилакорона ба ҷо оварад, ва малъун бод касе ки шамшери худро аз хунрезӣ нигоҳ дорад!


Он гоҳ вай ба савганду қасам хӯрдан оғоз намуда, гуфт: «Он Одамро намешиносам». Ва дарҳол хурӯс бонг зад.


Зеро ман мехостам, ки ба хотири бародаронам, ки ба ҳасби ҷисм хешони мананд, худам аз Масеҳ маҳрум шавам.


Ҳар кӣ Исои Масеҳи Худовандро дӯст надорад, малъун бод; мороното.


„Малъун бод касе ки падару модари худро хорӣ диҳад!“ Ва тамоми қавм хоҳанд гуфт: „Омин!“


Зеро касе ки ба вай салом диҳад, ба аъмоли шариронаи вай шарик мешавад.


Ва шахсе аз кӯҳи Эфроим буд, ки Михойҳу ном дошт.


Ва он ҳазору сад сиқл нуқраро ба модараш баргардонид. Ва модараш гуфт: «Ман ин нуқраро комилан ба Худованд аз дасти худ барои писарам вақф намудаам, то ки санами тарошидае ва бути рехтае бисозад; ва акнун онро ба ту бармегардонам».


Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд.


Гуфт: «Эй духтарам! Ту аз ҷониби Худованд баракат хоҳӣ ёфт, зеро ки ин эҳсони охирини худро назар ба аввала хубтар ба ҷо овардӣ, бе он ки аз қафои ҷавонони хоҳ бенаво ва хоҳ сарватдор биравӣ.


Ва мардуми Исроил дар он рӯз бемаҷол гардида буданд, зеро ки Шоул қавмро қасам дода гуфта буд: «Малъун бод касе ки то шом, то даме ки ман аз душманонам интиқом гирам, хӯроке бихӯрад!» Ва тамоми қавм чизе нахӯрданд.


Ва касе аз миёни қавм хитоб намуда, гуфт: «Падарат қавмро қасам дода, гуфтааст: „Малъун бод касе ки имрӯз хӯроке бихӯрад!“ Бинобар ин қавм бемаҷол шудаанд».


Ва Самуил назди Шоул омад, ва Шоул ба ӯ гуфт: «Туро Худованд баракат диҳад! Ман каломи Худовандро ба ҷо овардам».


Ва Шоул гуфт: «Худованд шуморо баракат диҳад, зеро дар ҳаққи ман дилсӯзӣ кардаед.


Ва алҳол, лутфан, оғоям подшоҳ суханони бандаашро бишнавад: агар Худованд туро ба муқобили ман барангехта бошад, бигзор Ӯ ҳадияи маро қабул кунад; валекин агар банӣ‐одам барангехта бошанд, бигзор онҳо ба ҳузури Худованд малъун бошанд, зеро ки онҳо имрӯз маро аз тааллуқ доштан ба мулки Худованд бадар ронда, мегӯянд: „Рафта худоёни дигарро ибодат намо“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan