Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 17:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва Михо ба ӯ гуфт: «Назди ман маскан гир, ва бароям падар ва коҳин бош, ва ман ба ту ҳар сол даҳ сиқл нуқра, ва як даста либос ва ризқу рӯзӣ медиҳам». Ва левизода омад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 17:10
17 Iomraidhean Croise  

Пас, на шумо маро ба ин ҷо фиристодаед, балки Худо, ки Ӯ маро падар ба фиръавн, оғо ба тамоми аҳли байти вай ва ҳоким бар тамоми замини Миср гардонид.


Ва Элишоъ ба беморие ки аз он мурд, гирифтор шуд; ва Юош, подшоҳи Исроил, назди ӯ фурӯд омада, ба ҳоли ӯ гирья кард, ва гуфт: «Эй падарам, эй падарам! Эй аробаи Исроил ва саворонаш!»


Ва Элишоъ инро дида, фарьёд зад: «Эй падарам, падарам! Эй аробаи Исроил ва саворонаш!» Ва ӯро дигар надид, ва либосҳои худро гирифта, ду пора кард.


Ва подшоҳи Исроил онҳоро дида, ба Элишоъ гуфт: «Эй падарам, оё онҳоро зарба занам?»


Барои мискинон ман падар будам, ва даъвои ношиносро тафтиш менамудам,


Ва ӯро бо либоси ту пӯшонида, бо камарбанди ту маҳкам хоҳам кард, ва ҳокимияти туро ба дасташ хоҳам супурд, ва ӯ барои сокини Ерусалим ва хонадони Яҳудо падар хоҳад буд.


Ва Маро пеши қавми Ман барои як мушт ҷав ва як бурда нон беҳурмат мекунед, ва ба қавми Ман, ки ба суханони дурӯғ гӯш медиҳанд, дурӯғ гуфта, ҷонҳоеро, ки набояд бимиранд, мемиронед, ва ҷонҳоеро, ки набояд зинда монанд, зинда мемононед.


Ва гуфт: «Ба ман чӣ хоҳед дод, то ки Ӯро ба шумо таслим кунам?» Онҳо ба вай сӣ сиккаи нуқра таклиф карданд;


Ва инро на аз барои он гуфт, ки ғамхори мискинон бошад, балки барои он ки дузд буд: ҳамьёни пул дар дасташ буд, ва аз пуле ки дар он меандохтанд, барои худ мегирифт.


Зеро ки решаи ҳамаи бадихо зарпарастист, ки баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд.


Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил,


Ва левизода розӣ шуд, ки назди ин мард маскан гирад; ва он ҷавон назди вай мисли яке аз писаронаш буд.


Ва Михо ба ӯ гуфт: «Аз куҷо омадаӣ?» Ва ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман левизодае аз Байт‐Лаҳми Яҳудо ҳастам, ва меравам, то дар мавзее ки ба муддаои табъам бошад, маскан гирам».


Ва ӯ ба онҳо гуфт: «Михо ба ман чунин ва чунин рафтор намуд, ва маро киро кард, ва ман коҳини ӯ шудаам».


Ва тавре воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар касе ки аз хонадони ту боқӣ монда бошад, омада, барои як фулуси нуқра ва як порча нон пеши вай саҷда барад ва бигӯяд: лутфан, маро ба ягон вазифаи каҳонат таъин намо, то ки як лаб нон бихӯрам“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan