7 Шимшӯн ба вай гуфт: «Агар маро бо ҳафт зеҳи тар, ки хушк нашуда бошад, бибанданд, ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
Даҳони ростгӯй то абад қоим аст, вале забони дурӯғгӯй — то як чашм задан.
Забони калонгап ба нокас намезебад, алалхусус забони дурӯғгӯй — ба валинеъмат.
Ва чӣ гуна баъзеҳо ба мо бӯҳтон зада, даъво мекунанд, ки гӯё мо мегуфта бошем: «Биёед, бадӣ кунем, то ки некӣ ҳосил шавад»? Маҳкумияти чунин касон ҳаққонист.
Фирефта нашавед: Худо намегузорад, ки Ӯро тамасхур кунанд. Зеро ки он чи одамизод мекорад, ҳамонро хоҳад даравид:
Ба якдигар дурӯғ нагӯед, дар ҳолате ки одами кӯҳнаро бо аъмоли вай аз худ дур кардаед
Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «Инак, ту маро тамасхур карда, суханони дурӯғ гуфтӣ; акнун, лутфан, ба ман бигӯй, ки туро бо чӣ бастан мумкин аст?»
Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «Лутфан, ба ман бигӯй, ки қуввати бузурги ту дар чист, ва чӣ гуна туро баста, мутеъ кардан мумкин аст?»
Ва сарварони фалиштиён ҳафт зеҳи тар, ки хушк нашуда буд, ба вай оварданд, ва ӯро вай бо онҳо баст.
Ва каминварон дар ҳуҷраи вай нишаста буданд, ва Далило ба ӯ гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ зеҳҳоро барканд, чунон ки риштаи катон канда мешавад, ҳамин ки бӯи оташ ба он бирасад. Ва манбаи қуввати ӯ ошкор нашуд.
Ва Шоул ба Микал гуфт: «Чаро маро чунин фиреб додӣ, ва душманамро раҳо кардӣ, то ки бигрезад?» Ва Микал ба Шоул гуфт: «Ӯ ба ман гуфт: „Маро раҳо намо, вагар на, туро хоҳам кушт“».
Ва Окиш мегуфт: «Имрӯз ба куҷо тохтутоз кардед?» Ва Довуд мегуфт: «Ба ҷануби Яҳудо, ва ҷануби ераҳмиэлиён, ва ҷануби қениён».