6 Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «Лутфан, ба ман бигӯй, ки қуввати бузурги ту дар чист, ва чӣ гуна туро баста, мутеъ кардан мумкин аст?»
Ва онҳо чор дафъа бо чунин суханон назди ман фиристоданд, ва ман ба онҳо чунин ҷавоб гардондам.
То ба кай, эй Худованд, маро доим фаромӯш мекунӣ? То ба кай рӯи Худро аз ман пинҳон медорӣ?
Даҳони занони зинокор ҷари чуқур аст; касе ки ба нафрини Худованд гирифтор шуда бошад, дар он меафтад.
Забони дурӯғгуй ба касоне ки неш мезанад, кина дорад, ва даҳони тамаллуқгӯй дом мениҳад.
Чунки аз дасти зани зинокор кас мӯҳтоҷи як лаб нон мешавад, ва зани шавҳардор ҷони азизеро ба дом меоварад.
Бо чарбгӯии зиёд дили ӯро рабуд, бо чоплусии лабҳои худ ӯро фирефта кард.
Порсо аз замин талаф шудааст, ва росткоре дар миёни одамон нест; ҳама барои хунрезӣ камин мегиранд, якдигарро ба дом медароранд.
Ба ёр имон наоваред, ба дӯст таваккал накунед; дари даҳонатро аз ҳамхобаи худ нигоҳдорӣ намо.
Ва ҳафт рӯзе ки базми онҳо давом мекард, вай пеши ӯ мегирист; ва дар рӯзи ҳафтум ӯ ба вай маълум кард, зеро ки вай бо чақиданаш ӯро аз ҷон безор сохт; ва баъд аз ин вай ҳалли муамморо ба писарони қавми худ маълум кард.
Ва сарварони фалиштиён назди вай омада, гуфтанд: «Ӯро фирефта намуда, бифаҳм, ки қуввати бузургаш дар чист, ва чӣ гуна мо бар ӯ метавонем ғолиб оем, то ки ӯро баста, мутеъ намоем; ва ҳар яке аз мо ба ту ҳазору сад сиқл нуқра хоҳем дод».
Шимшӯн ба вай гуфт: «Агар маро бо ҳафт зеҳи тар, ки хушк нашуда бошад, бибанданд, ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».