Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 16:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Ва баъд аз он чунин воқеъ шуд, ки ӯ занеро дар водии наҳри Шӯреқ дӯст дошт, ва номи вай Далило буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 16:4
9 Iomraidhean Croise  

Ва подшоҳ Сулаймон, ғайр аз духтари фиръавн, бисьёр занони аҷнабиро аз мӯобиён, аммӯниён, адӯмиён, сидӯниён, ҳиттиён дӯст медошт, —


Сулаймон, подшоҳи Исроил, охир, ба туфайли ҳаминҳо гуноҳ карда буд, ва ҳол он ки дар миёни халқҳои бисьёр подшоҳе мисли ӯ набуд! Ва ӯ барои Худои худ маҳбуб буд, ва Худо ӯро бар тамоми Исроил подшоҳ карда буд, — аммо ӯро низ занони аҷнабӣ дар роҳи гуноҳ андохтанд!


Даҳони занони зинокор ҷари чуқур аст; касе ки ба нафрини Худованд гирифтор шуда бошад, дар он меафтад.


Чунки фоҳиша ҷари чуқур аст, ва зани зинокор — чоҳи танг;


Чунон ки саг ба қаи худ бармегардад, ончунон аблаҳ беақлии худро такрор мекунад.


Агар беақлро дар ҳован дар миёни дону дун бо ҳовандаста бикӯбӣ, беақлии вай аз вай ҷудо намешавад.


Ва инҳо барои мо тимсоле буданд, то ки мо бадиро орзу накунем, чунон ки онҳо орзу мекарданд.


Вале Шимшӯн то нисфи шаб хобид, ва нисфи шаб бархост, ва табақаҳои дарвозаи шаҳр ва ду паҳлудариро гирифта, бо якҷоягии ғалақа барканд, ва бар китфи худ гузошта, бар куллаи кӯҳе ки дар рӯ ба рӯи Ҳебрӯн аст, баровард.


Ва сарварони фалиштиён назди вай омада, гуфтанд: «Ӯро фирефта намуда, бифаҳм, ки қуввати бузургаш дар чист, ва чӣ гуна мо бар ӯ метавонем ғолиб оем, то ки ӯро баста, мутеъ намоем; ва ҳар яке аз мо ба ту ҳазору сад сиқл нуқра хоҳем дод».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan