29 Ва Шимшӯн ду сутуни миёнаро, ки хона бар онҳо қоим буд, — якеро бо дасти росташ ва дигареро бо дасти чапаш, — дар оғӯш гирифта, бар онҳо такья кард.
Ва Шимшӯн гуфт: «Бигзор ҷони ман бо фалиштиён бимирад!» Ва бо тамоми қувваташ фишор дод, ва хона бар сарварон ва бар тамоми қавме ки дар он буданд, фурӯ рафт; ва мурдагоне ки ӯ дар мамоти худ кушт, аз мурдагоне ки дар ҳаёти худ кушта буд, бештар буданд.