Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 16:28 - Китоби Муқаддас 1992 1999

28 Ва Шимшӯн сӯи Худованд хонда, гуфт: «Худоё Худовандо! Лутфан, маро ба ёд овар ва фақат ҳамин дафъа тақвият намо, эй Худо, то ки ман якбора барои ду чашми худ аз фалиштиён интиқом гирам».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 16:28
19 Iomraidhean Croise  

Эй Худои мо! Худат онҳоро доварӣ намо, зеро мо қувват надорем, ки пеши анбӯҳи бузурге ки ба муқобили мо меоянд, истодагӣ намоем, ва мо намедонем чӣ кор кунем, балки чашмони мо ба сӯи Туст».


То ки писарони мо дар ҷавонии худ мисли ниҳолҳо нашъунамо ёбанд; духтарони мо мисли сутунгӯшаҳои кандакории кӯшкҳо зебо бошанд;


Ба ҷинояткорон роҳҳои Туро таълим хоҳам дод, ва хатокорон сӯи Ту руҷӯъ хоҳанд кард.


Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард, обдор ва тару тоза хоҳанд буд,


Ту, эй Худованд, инро медонӣ; пас, маро ба ёд овар ва тафаққуд намо, ва интиқоми маро аз таъқибкунандагонам бигир; ба сабаби пурсабрии Худ маро талаф накун; бидон, ки ба хотири Ту бори нангро бардоштаам.


То бехи кӯҳҳо нузул кардам; замин бо ғалақаҳои худ то ба абад пеши роҳамро гирифт; лекин Ту, эй Худованд Худои ман, ҳаётамро аз дӯзах баровардӣ.


Искандари мисгар ба ман бисьёр бадӣ кард. Худованд мувофиқи аъмолаш подоше ба ӯ ҳоҳад дод.


Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,


Ва онҳо бо овози баланд фиғон кашида гуфтанд: «То ба кай, эй Парвардигори Қуддус ва Ҳақ, доварӣ намекунӣ ва интиқоми хуни моро аз сокинони замин намегирӣ?»


Ва бағоят ташна монд, ва сӯи Худованд хонда, гуфт: «Ту ба дасти бандаи Худ ин наҷоти бузургро додӣ; ва алҳол ман аз ташнагӣ мемирам ва ба дасти номахтунон меафтам».


Ва хона аз мардон ва занон пур буд, ва ҳамаи сарварони фалиштиён дар он ҷо буданд; ва бар боми он тақрибан се ҳазор мард ва зан буданд, ки бозии Шимшӯнро тамошо мекарданд.


Ва Шимшӯн ду сутуни миёнаро, ки хона бар онҳо қоим буд, — якеро бо дасти росташ ва дигареро бо дасти чапаш, — дар оғӯш гирифта, бар онҳо такья кард.


Бигзор ҳамин тавр ҳамаи душманонат маҳв шаванд, эй Худованд! Вале дӯстдорони Ӯ бигзор мисли офтобе бошанд, ки бо тамоми қувваташ тулӯъ мекунад!» Ва замин чил сол ором ёфт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan