26 Ва Шимшӯн ба амраде ки дасти ӯро нигоҳ медошт, гуфт: «Маро вогузор, то сутунҳоеро, ки хона бар онҳо қоим аст, ламс намоям ва бар онҳо такья кунам».
Ва чун димоғашон чоқ шуд, гуфтанд: «Шимшӯнро бихонед, то ки бозӣ карда, моро дилхуш гардонад». Ва Шимшӯнро аз зиндон оварданд, ва ӯ онҳоро дилхуш гардонид, ва ӯро дар миёни ду сутун гузоштанд.
Ва хона аз мардон ва занон пур буд, ва ҳамаи сарварони фалиштиён дар он ҷо буданд; ва бар боми он тақрибан се ҳазор мард ва зан буданд, ки бозии Шимшӯнро тамошо мекарданд.