Ва Худованд сарлашкарони подшоҳи Ашшурро бар онҳо овард, ва Менашшеро гирифта, маҳор ба бинияш заданд, ва ӯро бо занҷирҳои мис бастанд, ва ӯро ба Бобил бурданд.
Ва ҳар нахустзода дар замини Миср хоҳад мурд, — аз нахустзодаи фиръавн, ки бар тахташ нишастааст, то нахустзодаи канизе ки назди дастос бошад; ва ҳар нахустзодаи чорпоён.
Ту моро ба замине ки шир ва асал дар он ҷорӣ бошад, наовардӣ, ва моликияте иборат аз киштзор ва токзор ба мо надодӣ. Оё чашмони ин одамонро мехоҳӣ биканӣ? Намеравем!»