Фақат ин ки ба зидди Худованд балво накунед, ва аз қавми он замин натарсед, зеро ки онҳо тӯъмаи мо хоҳанд шуд: пуштибонашон аз онҳо дур шудааст, ва Худованд бо мост, аз онҳо натарсед».
Чӣ гуна як нафар ҳазор нафарро таъқиб менамуд, ва ду нафар як беварро мегурезонид, агар Кӯҳпораашон онҳоро таслим намекард, ва Худованд онҳоро намесупурд?
Вай онҳоро ба моку маҳкам баст, ва ба ӯ гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ аз хоби худ бедор шуда, моку ва дастгоҳи бофандагиро барканд.
Вале Шимшӯн то нисфи шаб хобид, ва нисфи шаб бархост, ва табақаҳои дарвозаи шаҳр ва ду паҳлудариро гирифта, бо якҷоягии ғалақа барканд, ва бар китфи худ гузошта, бар куллаи кӯҳе ки дар рӯ ба рӯи Ҳебрӯн аст, баровард.
Ва фардои он, рӯҳи баде аз ҷониби Худованд бар Шоул ҷорӣ гардида, ӯ андаруни хона ба ҷӯшу хурӯш омад, ва Довуд мисли ҳаррӯза бо дасташ менавохт; ва найзае дар дасти Шоул буд.