19 Ва ӯро вай бар зонуҳои худ хобонид, ва касеро хонд, ва ҳафт гесуи сари ӯро тарошонид, ва ба шиканҷа кардани ӯ шурӯъ намуд, ва қувваташ аз ӯ дур шуд.
Ва ман дарьёфтам, ки зан аз мамот талхтар аст, ки вай домҳост, ва дилаш тузоқҳост, ва дастҳояш завлонаҳост; касе ки дар назари Худо нек аст, аз вай раҳо хоҳад шуд, валекин хатокор ба доми вай хоҳад афтод.
Ва Далило дид, ки ӯ ҳар чиро, ки дар дилаш буд, ба вай маълум кард, барои хондани сарварони фалиштиён кас фиристода, гуфт: «Ҳамин дафъа биёед, ки ӯ ҳар чиро, ки дар дил дошт, ба ман маълум кард». Ва сарварони фалиштиён назди вай омаданд, ва нуқраро ба дасти худ оварданд.
Ва гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ аз хобаш бедор шуда, дар дили худ гуфт: «Мисли пештара берун рафта, ба худ меоям». Вале ӯ надонист, ки Худованд аз ӯ дур шудааст.