16 Ва азбаски вай ӯро ҳар рӯз бо суханони худ фишор дода, зиқ мекард, ӯ аз ҷони худ безор шуд,
Оё шикоятам ба зидди одамест, ки мисли ман бошад? Ва чаро ман бесабрӣ накунам?
Ва Худо ба Юнус гуфт: «Оё хуб аст, ки барои канадона дар қаҳр шавӣ?» Вай гуфт: «Хуб аст, ки то ба дараҷаи марг дар қаҳр шавам».
Ва ба онҳо гуфт: «Ин аст Хуни Ман аз аҳди ҷадид, ки барои бисьёр касон рехта мешавад.
Ба шумо мегӯям, ки ҳар чанд аз рӯи дӯстӣ бархоста ба вай надиҳад ҳам, лекин ба сабаби шилқинии вай бархоста, ҳар қадар, ки пурсад, ба вай хоҳад дод.
Лекин азбаски ин бевазан маро ором намегузорад, вайро муҳофизат хоҳам кард, то ки ҳар дам омада, маро безор накунад“».
Ва зани Шимшӯн пеши ӯ гирья карда, гуфт: «Яқин аст, ки ту аз ман нафрат дорӣ ва маро дӯст намедорӣ; ба писарони қавми ман муаммое гуфтаӣ, вале ҳалли онро ба ман маълум накардаӣ». Ва ӯ ба вай гуфт: «Инак, ба падару модари худ онро маълум накардаам, оё ба ту маълум кунам?»
Ва ҳафт рӯзе ки базми онҳо давом мекард, вай пеши ӯ мегирист; ва дар рӯзи ҳафтум ӯ ба вай маълум кард, зеро ки вай бо чақиданаш ӯро аз ҷон безор сохт; ва баъд аз ин вай ҳалли муамморо ба писарони қавми худ маълум кард.
Вай ба ӯ гуфт: «Чӣ гуна ту мегӯӣ: „Ман туро дӯст медорам“, ва ҳол он ки дили ту бо ман нест? Инак, се дафъа ту маро тамасхур кардӣ ва ба ман маълум нанамудӣ, ки қуввати бузурги ту дар чист».
Ва ҳар чиро, ки дар дил дошт, ба вай ошкор карда, гуфт: «Поку ба сари ман нарасидааст, зеро ки ман аз батни модари худ барои Худо мумтоз ҳастам; агар мӯйсарам тарошида шавад, қувватам аз ман дур хоҳад шуд, ва ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».