10 Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «Инак, ту маро тамасхур карда, суханони дурӯғ гуфтӣ; акнун, лутфан, ба ман бигӯй, ки туро бо чӣ бастан мумкин аст?»
Ва онҳо чор дафъа бо чунин суханон назди ман фиристоданд, ва ман ба онҳо чунин ҷавоб гардондам.
Ба зидди ёри худ шоҳиди ноҳақ набош; чаро бо лабҳои худ мехоҳӣ фиреб диҳӣ?
Ва назди ту мисли ҷамъомади қавм меоянд, ва қавми Ман ба ҳузури ту нишаста, суханони туро мешунаванд, вале онҳоро ба ҷо намеоваранд; зеро ки онҳо бо даҳони худ ишқбозӣ мекунанд, аммо дилашон пайрави ҳирсашон мебошад.
Ва Исо ба вай гуфт: «Эй Яҳудо! Оё Писари Одамро бо бӯса таслим мекунӣ?»
Ӯ ба вай гуфт: «Агар маро бо танобҳои нав, ки ҳеҷ истеъмол нашуда бошад, бибанданд, ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
Ва Далило ба Шимшӯн гуфт: «То ҳол ту маро тамасхур карда, ба ман суханони дурӯғ гуфтӣ; ба ман бигӯй, ки туро бо чӣ бастан мумкин аст?» Ва ӯ ба вай гуфт: «Агар ҳафт гесуи сари маро бо дастгоҳи бофандагӣ бибофӣ».
Шимшӯн ба вай гуфт: «Агар маро бо ҳафт зеҳи тар, ки хушк нашуда бошад, бибанданд, ман суст шуда, мисли ҳар каси дигар хоҳам гардид».
Ва каминварон дар ҳуҷраи вай нишаста буданд, ва Далило ба ӯ гуфт: «Фалиштиён бар ту омаданд, эй Шимшӯн!» Ва ӯ зеҳҳоро барканд, чунон ки риштаи катон канда мешавад, ҳамин ки бӯи оташ ба он бирасад. Ва манбаи қуввати ӯ ошкор нашуд.