1 Ва Шимшӯн ба Ғазза рафт; ва дар он ҷо зани зинокореро дида, назди вай даромад.
Ва ҳудуди канъониён аз Сидӯн ба самти Ҷарор то Ғазза буд ва ба самти Садӯм, Амӯро, Адмо ва Сабӯим то Лошаъ.
Ки дар бозор назди гӯшаи вай мегузашт ва ба роҳи хонаи вай қадам мезад,
Ашдӯд, қасабаҳо ва деҳоти он, Ғазза, қасабаҳо ва деҳоти он, то водии Миср ва баҳри Бузург ва соҳили он.
Ва банӣ‐Яҳудо Ғаззаро бо навоҳии он, ва Ашқалӯнро бо навоҳии он, ва Эқрӯнро бо навоҳии он гирифтанд.
Ва Шимшӯн ба Тимно фурӯд омад; ва дар Тимно занеро аз духтарони фалиштиён дид.
Ба аҳли Ғазза хабар расид, ки Шимшӯн ба ин ҷо омадааст. Ва тамоми шаб давр зада гаштанд ва назди дарвозаи шаҳр ба муқобили ӯ камин гирифтанд, ва тамоми шаб хомӯшона рафтор намуда, мегуфтанд: «То субҳидам мунтазир истода, ӯро мекушем».