8 Ва ба онҳо сар то по зарбаи сахт расонид, бисьёреро кушт, ва рафта, дар ғори сахраи Этом сокин шуд.
Ва Байт‐Лаҳм, ва Эйтом, ва Тақӯо,
Зеро ки дасти Худованд бар ин кӯҳ қарор хоҳад ёфт, ва Мӯоб дар ҷои худ поймол хоҳад шуд, чунон ки коҳ дар ахлот поймол мешавад;
«Танҳо Худам чархуштро поймол кардам, ва аз қавмон касе бо Ман набуд, ва Ман онҳоро дар ғазаби Худ поймол намудам, ва дар шиддати хашми Худ онҳоро лагадкӯб сохтам, ва хуни онҳо бар либоси Ман пошида шуд, ва Ман тамоми ҷомаи Худро олуда кардам;
Ва Ман қавмонро дар ғазаби Худ поймол намудам, ва онҳоро аз шиддати хашми Худ маст кардам, ва хуни онҳоро бар замин рехтам».
Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз заъф боқувват шуданд, дар ҷанг қавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;
Ва мардуми Яҳудо гуфтанд: «Барои чӣ бар зидди мо баромадаед?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Барои он ки Шимшӯнро бибандем, ва чунон ки ӯ ба мо амал кард, ончунон ба ӯ амал кунем».
Ва се ҳазор нафар аз мардуми Яҳудо сӯи ғори сахраи Этом рафта, ба Шимшӯн гуфтанд: «Ту, охир, медонӣ, ки фалиштиён бар мо ҳукмрон мебошанд; пас, ин чӣ кор аст, ки ту ба мо кардӣ?» Ба онҳо гуфт: «Чунон ки онҳо ба ман амал карданд, ончунон ман ба онҳо амал кардам».
Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Модоме ки шумо чунин амал кардед, яқинан аз шумо интиқом хоҳам гирифт, ва баъд аз он ором хоҳам шуд».
Ва фалиштиён баромада, дар Яҳудо ӯрду заданд ва дар Леҳӣ ҷойгир шуданд.