Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 15:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Ва фалиштиён гуфтанд: «Кист, ки ин корро кардааст?» Ва гуфтанд: «Шимшӯн, домоди он сокини Тимно, ки зани ӯро гирифта, ба ёри ӯ дода буд». Ва фалиштиён омада, он занро бо якҷоягии падараш ба оташ сӯзониданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 15:6
6 Iomraidhean Croise  

Касе ки тухми бедодӣ корад, бадӣ медаравад, ва асои ғазабаш ӯро несту нобуд мекунад.


Ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.


Ва аҳли Эфроим ҷамъ шуда, ба тарафи шимол гузаштанд ва ба Йифтоҳ гуфтанд: «Чаро барои ҷангидан бо банӣ‐Аммӯн рафтӣ, вале моро нахондӣ, то ки ҳамроҳи ту биравем? Мо хонаи туро оташ дода, бар сари ту хоҳем сӯзонид».


Ва чунин воқеъ шуд, ки дар рӯзи ҳафтум онҳо ба зани Шимшӯн гуфтанд: «Шавҳаратро розӣ намо, то ки ҳалли муамморо ба мо бигӯяд, мабодо туро ва хонаи падаратро оташ дода, бисӯзонем: магар моро барои он таклиф намудаед, ки моро тороҷ кунед?»


Ва машъалҳоро даргиронида, ба киштзорҳои фалиштиён фиристод; ва аз хирман сар карда, то ҳосили даравнашуда ва то боғҳои зайтун сӯзонид.


Ва Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Модоме ки шумо чунин амал кардед, яқинан аз шумо интиқом хоҳам гирифт, ва баъд аз он ором хоҳам шуд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan