18 Ва бағоят ташна монд, ва сӯи Худованд хонда, гуфт: «Ту ба дасти бандаи Худ ин наҷоти бузургро додӣ; ва алҳол ман аз ташнагӣ мемирам ва ба дасти номахтунон меафтам».
Ва Иброҳим гуфт: «Гумон кардам, ки худотарсӣ дар ин макон нест, ва аз боиси занам маро хоҳанд кушт.
Ва ҳангоме ки аз Фануил мегузашт, офтоб тулӯъ кард; ва ӯ бар сурини худ мелангид.
Дар Ҷат ҳикоят накунед, дар кӯчаҳои Ашқалӯн башорат надиҳед, мабодо духтарони фалиштӣ шодӣ кунанд, мабодо духтарони номахтунон ба ваҷд оянд.
Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то ки Навишта ба амал ояд, гуфт: «Ташнаам».
Боз чӣ гӯям? Вақтам кифоя намекунад барои он ки дар бораи Ҷидъӯн ва Бороқ ва Шимшӯн ва Йифтоҳ ва Довуд ва Самуил ва анбиё ҳикоят намоям,
Ва падару модараш ба ӯ гуфтанд: «Магар дар миёни духтарони бародаронат ва дар тамоми қавми мо зане нест, ки ту мехоҳӣ рафта, аз фалиштиёни номахтун зан бигирӣ?» Вале Шимшӯн ба падари худ гуфт: «Варо барои ман бигир, зеро ки вай дар чашми ман писанд омад».
Ва ин суханро гуфта, ҷоғро аз дасти худ партофт, ва он маконро Ромат‐Леҳӣ номид.
Ва Шимшӯн сӯи Худованд хонда, гуфт: «Худоё Худовандо! Лутфан, маро ба ёд овар ва фақат ҳамин дафъа тақвият намо, эй Худо, то ки ман якбора барои ду чашми худ аз фалиштиён интиқом гирам».
Ва Ҷидъӯн ба Урдун расид; ӯ ва сесад нафаре ки ҳамроҳаш буданд, убур карданд. Онҳо монда шуда буданд, вале ҳанӯз таъқиб менамуданд.
Ва Довуд ба касоне ки назди ӯ истода буданд, гуфт: «Ба шахсе ки ин фалиштиро бикушад ва нангро аз Исроил дур созад, чӣ хоҳад шуд? Зеро ин фалиштии номахтун кист, ки лашкарҳои Худои Ҳайро таҳқир намояд?»
Бандаат ҳам шер ва ҳам хирсро куштааст, ва ин фалиштии номахтун мисли яке аз онҳо хоҳад шуд, зеро ки лашкарҳои Худои Ҳайро таҳқир кардааст».
Ва Довуд дар дили худ гуфт: «Алҳол ягон рӯз ба дасти Шоул афтода, талаф хоҳам шуд; барои ман чизе беҳтар аз он нест, ки ба замини фалиштиён бигрезам, ва Шоул аз умеди дастгир кардани ман дар тамоми ҳудуди Исроил ноумед хоҳад гардид, ва ман аз дасти ӯ раҳо хоҳам шуд».