15 Ва ӯ ҷоғи хари навмурдаро ёфт, ва дасти худро дароз карда, онро гирифт, ва ҳазор нафарро бо он зада, кушт.
Ин аст номҳои паҳлавононе ки Довуд дошт: он ки дар маҷлиси ҳакимон менишаст ва сардори сегона буд, яъне Адинӯ Ҳоэснӣ, ки бар ҳаштсад нафар тохт оварда, ҳамаашонро дар як маърака кушта буд.
Ва душманони худро таъқиб хоҳед намуд, ва онҳо пеши шумо аз шамшер фурӯ хоҳанд ғалтид.
Ва панҷ нафар аз шумо сад нафарро таъқиб хоҳанд кард, ва сад нафар аз шумо як беварро бадар хоҳанд ронд, ва душманонатон пеши шумо аз шамшер фурӯ хоҳанд ғалтид.
Қуввати оташро хомӯш карданд, аз дами шамшер халосӣ ёфтанд, аз заъф боқувват шуданд, дар ҷанг қавӣ гардиданд, фавҷҳои бегонаҳоро торумор карданд;
Як нафар аз шумо ҳазор нафарро таъқиб менамояд, зеро ки Худованд Худои шумо Худаш барои шумо меҷангад, чунон ки ба шумо гуфтааст.
Ва Шимшӯн гуфт: «Аз ҷоғи хар тӯда‐тӯда фурӯ ғалтиданд: бо ҷоғи хар ҳазор нафарро зада куштам».
Ва ин суханро гуфта, ҷоғро аз дасти худ партофт, ва он маконро Ромат‐Леҳӣ номид.
Ва баъд аз ӯ Шамҷар ибни Анот буд, ва шашсад нафарро аз фалиштиён бо таёқи говронӣ зада кушт; ва ӯ низ Исроилро наҷот дод.
Ва Ёил, зани Ҳобар, мехи хаймаро кашида гирифт, ва болғаро ба дасти худ гирифта, оҳистаяк назди вай омад, ва мехро ба чаккаи вай кӯфт, ба тавре ки неши он ба замин фурӯ рафт; вай, ки ба сабаби мондагии худ дар хоби сахт буд, мурд.
Ва сесад нафарро ба се фавҷ тақсим намуд, ва ба дасти ҳамаи онҳо шохҳо ва кӯзаҳои холӣ дод, ва андаруни кӯзаҳо машъалҳо буд.
Ва аз ин зарбаи аввалине ки Йӯнотон ва силоҳбардораш расониданд, қариб бист нафар талаф шуданд, дар нисфи майдоне ки як ҷуфт гов дар як рӯз шудгор мекунад.
Ва Йӯнотон ба навкари силоҳбардори худ гуфт: «Биё, сӯи дастаи посбонони ин номахтунон убур намоем, шояд Худованд ба мо ёварӣ кунад, зеро ки барои Худованд ҳеҷ монеае нест, ки ба воситаи касони бисьёр ё ба воситаи касони кам наҷот бахшад».