Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Доварон 15:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ба ӯ гуфтанд: «Мо фурӯд омадаем, то ки туро баста, ба дасти фалиштиён бисупорем». Шимшӯн ба онҳо гуфт: «Ба ман қасам ёд кунед, ки худатон ба ман осебе нахоҳед расонид».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Доварон 15:12
7 Iomraidhean Croise  

Ва подшоҳ Сулаймон Баноё ибни Еҳӯёдоъро фиристод, ки вай ӯро зарба зад, ва ӯ мурд.


Ва Баноё ибни Ехӯёдоъ баромада, ӯро зарба зад, ва ӯро кушт; ва ӯ дар хонааш, ки дар биёбон буд, дафн карда шуд.


Ва Ӯро баста бурданду ба ҳоким Понтиюс Пилотус таслим карданд.


Ӯ гумон мекард, ки бародаронаш ҳоҳанд фаҳмид, ки Худо ба василаи ӯ онҳоро наҷот медиҳад, аммо онҳо нафаҳмиданд.


Ва се ҳазор нафар аз мардуми Яҳудо сӯи ғори сахраи Этом рафта, ба Шимшӯн гуфтанд: «Ту, охир, медонӣ, ки фалиштиён бар мо ҳукмрон мебошанд; пас, ин чӣ кор аст, ки ту ба мо кардӣ?» Ба онҳо гуфт: «Чунон ки онҳо ба ман амал карданд, ончунон ман ба онҳо амал кардам».


Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Не, мо туро фақат баста, ба дасти онҳо хоҳем супурд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ туро нахоҳем кушт». Ва ӯро бо ду таноби нав баста, аз сахра бароварданд.


Ва Забаҳ ва Салмуноъ гуфтанд: «Бархез ва моро бикуш, зеро ки мардро мардонагӣ месозад». Ва Ҷидъӯн бархоста, Забаҳ ва Салмуноъро кушт, ва ҳилолҳои зарринро, ки бар гардани шутурҳошон буд, гирифт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan