10 Ва мардуми Яҳудо гуфтанд: «Барои чӣ бар зидди мо баромадаед?» Дар ҷавоб гуфтанд: «Барои он ки Шимшӯнро бибандем, ва чунон ки ӯ ба мо амал кард, ончунон ба ӯ амал кунем».
Ва се ҳазор нафар аз мардуми Яҳудо сӯи ғори сахраи Этом рафта, ба Шимшӯн гуфтанд: «Ту, охир, медонӣ, ки фалиштиён бар мо ҳукмрон мебошанд; пас, ин чӣ кор аст, ки ту ба мо кардӣ?» Ба онҳо гуфт: «Чунон ки онҳо ба ман амал карданд, ончунон ман ба онҳо амал кардам».
Ва ба онҳо сар то по зарбаи сахт расонид, бисьёреро кушт, ва рафта, дар ғори сахраи Этом сокин шуд.
Ва фалиштиён баромада, дар Яҳудо ӯрду заданд ва дар Леҳӣ ҷойгир шуданд.
Ва Довуд гуфт: «Оё сокинони Қаило ман ва одамонамро ба дасти Шоул хоҳанд супурд?» Ва Худованд гуфт: «Хоҳанд супурд».